ПАРЧАМ ВА ПАРЧАМДОРӢ ДАР ТАЪРИХИ ДАВЛАТДОРИИ ТОҶИКОН. Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсия доир шуд

Ноябрь 24, 2025 19:20

ДУШАНБЕ, 24.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нишон ва Суруди миллӣ рамзи муқаддаси давлат ва нишони соҳибихтиёрии давлату миллат дониста шуда, дар мақоми худ равшангари таърих, сарнавишти миллату давлат, инъикосгари фарҳангу тамаддун ва орзуву ормони мардум маҳсуб мешавад. Ин матлабро имрӯз президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода зимни конференсияи илмию назариявӣ таҳти унвони «Парчам ва парчамдорӣ дар таърихи давлатдории миллии тоҷикон» бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намуд.

Таъкид гардид, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ бо шарофати сиёсати оқилонаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун рамзи давлату давлатдорӣ, нангу номуси миллӣ, ҳаёти осоишта, бахту иқболи нек ва умед ба ояндаи шукуфон шинохта шуда, зери ливои худ аҳли ҷомеаро муттаҳид сохтааст.

Ойини парчамдории миллати сарбаланду куҳанбунёди тоҷик таърихи хеле қадимӣ дорад. Гузаштагони арҷманди мо давоми ҳазорсолаҳо зери парчами худ саф кашида, тамомияти арзӣ, ҳувияти миллӣ, ваҳдату ягонагӣ, нангу номус ва забону фарҳанги худро ҳифз кардаанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ба муносибати барафрохтани Парчами миллӣ 30 августи соли 2011 чунин изҳор доштанд: «Парчами миллӣ имрӯз ҳамчун нишонаи азму иродаи устувори  мардум барои ободии мамлакати зебоманзарамон ҳаммароми «Диравши Ковиёнӣ»-и аҷдоди ориётаборамон бо тобиши се ранг – ранги сурх – озодиву истиқлол, ранги сафед – сулҳу оромӣ, ранги сабз – ободиву хуррамӣ ва дар байни он рамзи тоҷи зарҳалини соҳибдавлатӣ бо ҳафт ситораи дурахшон бори дигар аз мавҷудияти тамаддуну фарҳанги бостонии тоҷикон, пайкори созандагию асолати миллӣ, давлату давлатдори мустақил ва ормонҳои ватанхоҳию қаҳрамониҳои родмардони сарзаминамон башорат медиҳад».

Парчами давлатӣ ба шарафи сафарҳои расмии Роҳбари давлат, ҳайатҳои давлатӣ, ғолибияти фарзандони бонангу ори Ватан дар мусобиқаҳои варзишӣ, озмуну чорабиниҳои илмӣ ва дигар ҳамоишу маъракаҳои ҷаҳонӣ дар тамоми давлатҳои дунё баланд бардошта мешавад. Халқи шарафманди Тоҷикистон зери ин парчами муқаддас мутаҳид гардида, барои ободию шукуфоии Ватани азизамон ҷаҳду талош меварзанд.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

 

Ноябрь 24, 2025 19:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
КОНСТИТУТСИЯ-БАХТНОМАИ МИЛЛАТ. Дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ ҳамоиш доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон конференсияи байналмилалии илмӣ доир шуд
Олимони тоҷик дар Конфронси байналмилалӣ оид ба гуногунии биологӣ дар Ереван иштирок намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Оид ба тадқиқоти пиряхҳо ва раванди гузаронидани корҳои экспедитсионӣ машварати илмӣ-назариявӣ доир гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад