Президенти Тоҷикистон: «Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар солҳои бисёр душвору ҳассос саҳми таърихӣ гузоштанд»

Ноябрь 10, 2025 09:18

ДУШАНБЕ, 10.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва ҳайати шахсии Қӯшунҳои дохилӣ дар солҳои бисёр душвору ҳассоси таърихи навини халқи тоҷик якҷо бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои ҳарбии мамлакат барои барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ, таъмин намудани суботу оромӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ саҳми таърихӣ гузоштанд. Чунин иброз намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни  Паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик.

Сарвари давлат баён доштанд, ки кормандони милитсия хусусан дар солҳои нахустини истиқлол бо вуҷуди мушкилоти сангини иқтисодию иҷтимоӣ ва норасоии шароити моддию техникӣ вазифаи худро содиқона ба ҷой оварданд.

«Вақтҳои охир мардуми сайёраро зуҳуроти хатарноку фоҷиабори терроризму ифротгароӣ, радикализми динӣ, қочоқу муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ сахт нигарон намудаанд», – таъкид намуданд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Сарвари давлат иброз доштанд, ки дар чунин шароит кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла мақомоти корҳои дохилӣ бояд зиракии сиёсиро фаромӯш насозанд, дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва рисолати касбӣ, яъне ҳифзи оромиву суботи ҷомеа ва давлат, волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ ҳамеша омода бошанд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 10, 2025 09:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд