Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 3 гидроагрегати неругоҳи Қайроққумро баъди навсозӣ мавриди истифода қарор доданд

Ноябрь 20, 2025 09:31

ДУШАНБЕ, 20.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 20 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Певшои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд бо пахши тугмаи рамзӣ 3 гидроагрегати неругоҳи Қайроққумро баъди навсозӣ мавриди истифода қарор доданд.

Дар доираи лоиҳа 6 гидроагрегат ва дигар дастгоҳу таҷҳизоти неругоҳ пурра навсозӣ ва иқтидори истеҳсол дар он 60 МВт зиёд карда шуд.

Неругоҳ аз 6 гидроагрегат иборат буда, охирини он соли 1956 бо тавоноии лоиҳавии 21 МВт ба кор дароварда шуда буд.

Дар тули 69 соли фаъолият, гидроагрегат ва дигар таҷҳизоти асосии неругоҳ куҳна шуда, иқтидори истеҳсолии он то 12 МВт коҳиш ёфта буд.

Аз соли 2019 бо дастгирӣ ва иқдому ташаббусҳои Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои навсозӣ дар иншоот шуруъ гардида, дар муддати қариб 7 сол 6 гидроагрегати неругоҳ пурра навсозӣ ва иқтидори ҳар яки онҳо ба 29 МВт расонда шуд.

Дар доираи қисми яки лоиҳаи барқарорсозии неругоҳи Қайроққум бо ҷалби шарикони рушд ва мутахассисони дохилию хориҷӣ то имрӯз таҷҳизоти толори мошинҳо, дастгоҳи идоракунии турбинаҳо, трансформаторҳои системаи ангезишӣ, дастгоҳи идоракунии зери фишор, системаи идоракунии гидроагрегат, 7 трансформатори иқтидорашон гуногун ва дигар дастгоҳҳои асосӣ бо дастрасии онҳо аз кишварҳои пешрафтаи Аврупо иваз карда шуда, ба ҷойи дастгоҳи тақсимоти кушодаи 220/110 кВ дастгоҳи тақсимоти пӯшидаи элегазӣ насб гардид.

Ҳамзамон, дар доираи лоиҳаи навсозӣ, сарбанди неругоҳ мустаҳкам карда шуда, 5 крани борбардор низ навсозӣ шуд.

Аснои шиносоӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки то соли 2026 дар доираи лоиҳа бо ҷалби ширкатҳои ватанию хориҷӣ корҳои таъмири биноҳо, соҳилмустаҳкамкунӣ ва мумфаршкунии роҳ идома дода мешавад.

Қабл аз оғози корҳои навсозӣ истеҳсоли миёнаи солонаи неруи барқ дар неругоҳ 650 млн. кВт. соатро ташкил медод. Пас аз навсозии 6 гидроагрегати неругоҳ ва пайваст намудани он ба шабакаи барқи, иқтидории истеҳсол ба 900 млн.кВт. соат расонида шуд.

Сарвари давлат ба масъулон супориш доданд, ки дар доираи лоиҳа корҳои боқимондаро бо сифати баланд ва дар муҳлатҳои муайяншуда ба анҷом расонанд то иншооти мазкур баъд аз анҷоми пурраи корҳои бозсозӣ солҳои зиёд ба мардум хизмат намояд.
Ба кор даровардани 3 гидроагрегати неругоҳи Қайроққум дар шаҳри Гулистон 20.11.2025

Ноябрь 20, 2025 09:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раҳбари Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусейни Хоманаӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
«Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди амал қарор дорад
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раванди сохтмони корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» шинос шуд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд