Пулҳои коғазии ҷашнӣ бо арзиши номиналии 100 сомонӣ ба муомилот бароварда шуд

Ноябрь 1, 2025 10:45

ДУШАНБЕ, 01.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Пулҳои коғазии ҷашнӣ бо арзиши номиналии 100 сомонӣ ба муносибати 25 — солагии пули миллӣ — сомонӣ ба муомилот бароварда шуданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон.

Тибқи иттилои манбаъ, пулҳои коғазии ҷашнӣ бо арзиши номиналии 100 сомонӣ бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» бо мақсади таъмини иқтисодиёт бо нишонаҳои пулӣ аз санаи 30 октябри соли 2025 ба муомилот бароврада шуд.

Бояд тазаккур дод, ки пули ҷашнӣ на танҳо рамзи хотираи таърихӣ, балки нишони рушди устувори низоми пулию қарзӣ ва иқтисоди миллии кишвар буда, дар тарҳи он унсурҳои фарҳангӣ, таърихӣ ва меъмории мамлакатамон инъикос ёфтаанд, ки аз тамаддуни қадима ва ҳунару созандагии мардуми тоҷик шаҳодат медиҳанд.

Пулҳои коғазии ҷашнӣ дар қатори дигар пулҳои коғазии Бонки миллии Тоҷикистон бо арзиши номиналии 100 сомонӣ, ки дар муомилот қарор доранд, баробар гардиш менамоянд.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Ноябрь 1, 2025 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар «Саноатсодиротбонк» ҷашни Наврӯзро бо анъанаҳои миллӣ истиқбол намуданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.8000 то 11.0867 сомонӣ муқаррар шудааст
Бонки миллии Тоҷикистон дар Душанбе Фестивали саводнокии молиявӣ мегузаронад
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1150 то 0.1168 сомонӣ муқаррар шудааст
Рисолати «Амонатбонк» ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва кафолати хизматрасонии босифати бонкӣ аст
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.0344 то 11.0400 сомонӣ муқаррар шудааст
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид