Ректорони донишгоҳҳои Тоҷикистон бо ректори Донишгоҳи Ҳамад ибни Халифаи Қатар вохӯрӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 27.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 26 ноябр дар шаҳри Давҳа мулоқоти ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ Убайдулло Асрорзода, ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хисрав Маҳмадалӣ Қурбонзода ва ректори Донишгоҳи давлатии Данғара Шукрулло Хайрзода бо ректори Донишгоҳи Ҳамад ибни Халифаи Давлати Қатар Аҳмад Ҳасна баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар хабар доданд, дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаи илму маорифро баррасӣ намуда, барои таҳкиму рушди робитаҳои дуҷонибаи соҳа изҳори омодагӣ карданд.
Бо истифода аз имконоти мавҷуда таҳияи барномаҳои муштараки таълимию таҳқиқотӣ, баргузории конфронс ва семинарҳои муштарак, ташкили олимпиадаҳои илмӣ, ҷалби олимони ҷавон ба барномаҳои таҳқиқотӣ, ҳавасмандгардонӣ ва ба роҳ мондани мубодилаи донишҷӯён таъкид гардид.
Дар анҷом зарурати мубодилаи сафарҳои корӣ бо мақсади ҳамоҳангсозии ҳамкории дарозмуддати илмӣ ва академӣ таъкид карда шуд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар








Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






