Рушди соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бо намояндагони Агентии Корея оид ба ҳамкории байналмилалӣ баррасӣ шуд

Ноябрь 15, 2025 15:21

ДУШАНБЕ, 14.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 13 ноябр дар мулоқоти  Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ ва намояндагони Агентии Корея оид ба ҳамкории байналмилалӣ (КОИКА) ҷонибҳо барои дарёфти роҳҳои нави густариши ҳамкорӣ дар самти татбиқи  системаҳои рақамӣ дар раванди таълим ва истифодаи самараноки имконияту зарфияти мавҷудаи илмию таълимӣ изҳори умедворӣ намуданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ хабар доданд, Фарҳод Раҳимӣ доир ба фаъолияти кумита, муассисаҳои зерсохтор, самтҳои афзалиятноки фаъолият ва дурнамои рушди соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ маълумоти мушахас пешниҳод намуд.

Таъкид шуд, ки бо вуҷуди навтаъсис будани кумита корҳои муҳим, аз ҷумла таҳияи санадҳои танзимкунанда, такмили барномаҳои таълимӣ, афзоиши шумораи ихтисосҳои коргарӣ, таҳкими робитаҳои байналмилалӣ ва ба имзо расонидани чанд санади дуҷонибаи ҳамкорӣ бо шарикони рушд ба анҷом расонида шуданд.

Намояндагони Агентии Корея оид ба тақвияти ҳамкории дуҷониба дар самти малакаҳои сабз, истифодаи энергияи барқароршаванда, ҷалби кормандони кумита барои иштирок дар чорабиниҳои байналмилалӣ барои шиносоӣ бо таҷрибаҳои пешқадами аврупоӣ, инчунин аз такмили ихтисос гузаронидани омӯзгорон изҳори умедворӣ намуданд.

АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Ноябрь 15, 2025 15:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Байни Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ва Донишкадаи соҳибкорӣ ва педагогии Деҳнави Узбекистон санади ҳамкорӣ ба имзо расид
ТАЪТИЛИ БАҲОРӢ. Хонандагони муассисаҳои таълимии Тоҷикистон чанд рӯз истироҳат мекунанд?
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи маориф ва илм баррасӣ гардид
Ректорони муассисаҳои таҳсилотии Узбекистон бо зарфияти таълимӣ ва илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуданд
Форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд
Имрӯз Форуми сеюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор мегардад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» то 19 март идома меёбад
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» оғоз гардид
Қабули ҳуҷҷатсупории довталабон барои иштирок дар бурсияи Ҳукумати Ҷумҳурии Индонезия оғоз шуд