Таҳти унвони «Саҳми Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар татбиқи саноатикунонии босуръати кишвар» форуми байналмилалӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 01.11.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ Форуми байналмилалӣ таҳти унвони «Саҳми Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар татбиқи саноатикунонии босуръати кишвар» баргузор шуд, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ “Ховар” аз ҷараёни баргузории ин чорабинӣ.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ иброз дошт, ки дар замони соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳ ба рушди илмҳои дақиқ, риёзӣ, фанҳои техникӣ ва технологияҳои иноватсионӣ бештар гардид.
«Имрӯз Ҳукумати мамлакат саноатикунонии босуръатро ҳамчун ҳадафи чоруми стратегӣ амалӣ менамояд. Татбиқи ин ҳадафи стратегӣ бе рушди илмҳои дақиқ, фанҳои риёзӣ ва соҳаҳои техникии мамлакат ғайриимкон аст. Зеро маҳз ҳамин соҳаҳо пояи асосии пешрафти иқтисод, истеҳсолот ва рақобатпазирӣ ба ҳисоб меравад»,- гуфт муовини Сарвазир.
Дилрабо Мансурӣ афзуд, ки «Ҳукумати мамлакат бо дарки амиқи зарурати рушди устувори ин самтҳо, барномаҳои давлатӣ ва стратегияҳои илмию таълимиро роҳандозӣ намуд. Дар доираи онҳо таваҷҷуҳ ба таҳкими зеҳни техникӣ, ҷалби ҷавонон ба омӯзиши фанҳои дақиқу риёзӣ ва дастгирии иқдомҳои иноватсионӣ равона шудааст. Дар амалишавии ин раванд Донишгоҳи технологии Тоҷикистон низ нақши назарас дорад».
Форуми байналмилалӣ ба 35-солагии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида шуда, дар он намояндагони сохторҳои давлатӣ, донишгоҳҳои дохилию хориҷӣ ва шарикони байналмилалӣ иштирок намуда, доир ба нақш, имконият ва таҷрибаи муассиса дар рушди соҳаҳои илму саноат ва татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат мубодилаи афкор намуданд.
Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода иброз намуд, ки «татбиқи ҳадафҳои муҳими давлатӣ бидуни рушди илм, таҳсилот, навоварӣ, омода намудани мутахассисони дорои ҷаҳонбинӣ ва пешрафти техникӣ имконнопазир аст. Дар ин самт Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо омӯзиш ва таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ ворид намудани стандартҳои байналмилалӣ ва ҳамкории бо давлатҳои хориҷӣ қадамҳои устувор мегузорад. Аз ин ҷост, ки донишгоҳ ба як маркази зеҳни иноватсионӣ табдил гардидааст».
Ҳамчунин дар форум иштирокдорон иброз доштанд, ки зеҳни сунъӣ ҷолибтарин ихтирооти асри XXI ба шумор меравад. Он ҷаҳони моро тағйир дода, усулҳои кор, омӯзиш ва ҳаёти ҳаррӯзаи моро боз ҳам муассиртар месозад. Зеҳни сунъӣ ин фанновариест, ки ба компютерҳо ва системаҳо қобилияти иҷро кардани вазифаҳое медиҳад, ки қаблан танҳо инсонҳо метавонистанд онҳоро иҷро кунанд.
Дар робита ба ин Дилрабо Мансурӣ илова кард, ки «он имконият медиҳад, ки истеҳсолот ба таври рақамӣ идора шавад, хароҷот коҳиш ёбад ва самаранокӣ афзояд. Дар Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати мамлакат Марказҳои омӯзиш ва зеҳни сунъӣ таъсис ёфтааст. Дар баробари ин, илмҳои дақиқу риёзӣ ҳамчун пояи бунёди илму техникӣ бояд дар маркази таваҷҷуҳи муассисаҳои таълимӣ қарор дошта бошад».
Ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Зоир Раҳмонзода афзуд, ки Донишгоҳи технологии Тоҷикистон барои амалӣ намудани ҳадафҳои стратегияи давлатӣ дар соҳаи маориф тамоми неруи зеҳнии ҳайати омӯзгорону профессорони донишгоҳро равона намуда, ҷиҳати баланд бардоштани мақоми донишгоҳ дар фазои ҷаҳонии таҳсилот саъю кӯшиш менамояд. Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ягона донишгоҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки мутахассисони баландихтисосро дар соҳаи саноати сабук ва хӯрокворӣ тайёр мекунад.
Ҳамчунин дар ин рӯз дар доираи Форуми байналмилалӣ дастовардҳои донишҷӯён пешниҳоди иштирокдорон гардид.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






