ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 ноябр, шанбе, 305-умин рӯзи соли 2025 аст

Ноябрь 1, 2025 08:00

1 ноябри соли 2007 сомонаи интернетии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин www. tajikembassychina. com фаъол шуд.

***

Соли 2010 дар шаҳри Душанбе аввалин намояндагии дипломатии давлатҳои арабӣ – Сафорати Арабистони Саудӣ ифтитоҳ гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2011 меҳмонхонаи панҷситорадори «Серена»-и Душанбе мавриди истифода қарор гирифт.

***

1 ноябри соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ба истифода додани Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ношунаво дар ноҳияи Рӯдакӣ иштирок намуданд.

***

1 ноябри соли 2017 дар шаҳри Душанбе машварати навбатии кории коршиносони дастгоҳҳои шуроҳои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид.

***

1 ноябри соли 2017 Форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Туркманистон доир шуд.

***

1 ноябри соли 2019 дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳайати вакилони Парлумони Аврупоро таҳти роҳбарии Фулвио Мартушиелло ба ҳузур пазируфтанд.

***

1 ноябри соли 2022 Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави таълимӣ ва хобгоҳи Мактаб-интернати ноҳияи Қубодиёнро ба истифода доданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2022 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон ба сохтмони парки технологии инноватсионӣ ҳусни оғоз бахшиданд.

***

1 ноябри соли 2023 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ муовини Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Николай Журавлёвро, ки барои иштирок дар ҷаласаи дувоздаҳуми Комиссия оид ба ҳамкории Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия дар Тоҷикистон қарор дошт, ба ҳузур пазируфтанд. Зимни мулоқот вазъ ва дурнамои муносибатҳои дӯстона ва шарикии стратегии Тоҷикистон ва Русия дар соҳаҳои афзалиятнок ва ҳамзамон робитаҳои байнипарламентии ду давлат баррасӣ шуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Хатлон Маркази таълимии воҳидҳои таъиноти махсуси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуда, мавриди истифода қарор доданд.

1 НОЯБР:

Дар Ҷумҳурии Того – Рӯзи ёдгорӣ.

***

Дар Либерия — Рӯзи миннатдорӣ.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Баҳром Фирӯз -соли 1939— шоир, нависанда ва публисисти тоҷик.

Ноябрь 1, 2025 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ