Тоҷикистон ва Қатар роҳҳои густариши ҳамкорӣ дар соҳаи авиатсияи гражданиро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 4.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 4 ноябр дар шаҳри Давҳа вохӯрии Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода бо Директори генералии Маъмурияти авиатсияи граждании Давлати Қатар Муҳаммад Фалеҳ Ал Ҳаҷрӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии авиатсияи гражданӣ.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ба роҳ мондани парвозҳои доимӣ дар самти Душанбе–Давҳа, парвозҳои боркашонӣ (карго) ва рушди бизнес-авиатсияро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Зимни вохӯрӣ Ҳабибулло Назарзода таъкид намуд, ки бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз 12 июни соли 2025 сиёсати «Осмони кушод» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида истодааст.
Дар доираи ин сиёсати давлатӣ, бо ҳадафи ифтитоҳи хатсайрҳои нав, ҷалби сайёҳон ва сармояи хориҷӣ, дар фурудгоҳҳои байналмилалии мамлакат ба ҳамаи намудҳои хизматрасонӣ то 40 фоиз тахфиф пешбинӣ шудааст.
Директори генералии Маъмурияти авиатсияи граждании Давлати Қатар Муҳаммад Фалеҳ Ал Ҳаҷрӣ, дар навбати худ, омодагии ҷониби Қатарро барои ба роҳ мондани парвозҳои мустақим байни Тоҷикистону Қатар аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии ин кишвар иброз дошт.











Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд






