Тоҷикистон ва Эрон масоили ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаро мавриди баррасӣ қарор доданд

Ноябрь 25, 2025 09:16

ДУШАНБЕ, 25.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 24 ноябр Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҷид Тахтравончӣ мулоқот намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни вохӯрӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва амниятӣ баррасӣ карда шуданд.

Ҷонибҳо ба тавсеаи минбаъдаи ҳамкории ҳасана байни ду давлати дӯсту бародар изҳори ҳавасмандӣ намуданд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 25, 2025 09:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҳамкории судманди Тоҷикистон ва сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Ҷониби Тоҷикистон аз баргузории муваффақонаи раъйпурсии ҷумҳуриявӣ дар Қазоқистон истиқбол намуд
Сафири Тоҷикистон бо донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Вена мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинии канорӣ оид ба таҳкими ҳамкорӣ барои тавонмандсозии занон дар Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Туркия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Чин дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Форуми иқтисодии Берлин 2026 иштирок намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Хазинаи нуфус ва рушди Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд
Ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили ҳуқуқӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо муовини Котиби кулли Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ мулоқот намуд
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон дар шимолу ғарби Русия вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо Губернатори вилояти Ленингради Русия мулоқот намуд