Ҳуҷраи кории аввалин президенти Академияи фанҳои Тоҷикистон Садриддин Айнӣ навсозӣ гардид
ДУШАНБЕ, 04.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 3 ноябр дар Институти забон ва адабиёти ба номи А.Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маросими ифтитоҳи ҳуҷраи кории аввалин президенти Академияи фанҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, арбоби бузурги илму фарҳанг, асосгузори адабиёти муосири тоҷик устод Садриддин Айнӣ баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Академияи миллии илмҳо хабар доданд.
Ифтитоҳи ҳуҷраи кории Садриддин Айнӣ ҳамчун рамзи эҳтиром ба хизматҳои бузурги устод ва арҷгузорӣ ба таърихи ташаккули илм дар Тоҷикистон арзёбӣ гардид.
Таъкид шуд, ки фаъолияти илмӣ-адабии Айнӣ заминагузори давраи навин дар адабиёт ва худогоҳии миллии тоҷикон мебошад.
Ин иқдом барои ташаккули муҳити таърихӣ-фарҳангӣ дар академия, боло бурдани эҳсоси худшиносии миллӣ дар байни насли ҷавон ва омӯзиши ҳамаҷонибаи мероси устод Айнӣ аҳамияти вижа дорад.
Иброз гардид, ки сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифзи арзишҳои миллӣ, эҳтиром ба мутафаккирони миллӣ ва эҳёи мероси адабӣ барои бозсозӣ ва муаррифии чунин гӯшаҳои таърихӣ заминаи устувор фароҳам овардааст.
Масъулин вазифадор шуданд, ки ҳуҷраи корӣ ҳамчун маркази омӯзишӣ ва илмӣ таҳқиқотӣ барои магистрантон, муҳаққиқон ва меҳмонон фаъолият намуда, маводи таърихӣ, нусхаҳои дастнавис, аксҳо ва ёдгориҳои марбут ба ҳаёту фаъолияти устод Айнӣ мунтазам ғанӣ гардонда шаванд.
Ёдовар мешавем, ки устод Садриддин Айнӣ ба унвони нахустин академик фаъолияти кории худро соли 1951 дар ҳамин ҳуҷра оғоз кардааст. Ҳуҷраи кории устод бозсозӣ шуда, лавҳи ёдгорӣ ва мизу курсии кории ӯ бо намунаи осор ва аксҳои хотиравӣ барқарор гардид.
Инчунин имрӯз дар институт Ганҷинаи мероси адабии институт бо таҷҳизоти наву муосир мавриди истифода қарор дода шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки Ганҷинаи мероси адабӣ 16 октябри соли 1971 бо ташаббуси устодон Носирҷон Маъсумӣ, Муҳаммад Осимӣ ва Хуршеда Отахонова таъсис ёфта буд. Дар он мероси адабию илмии шахсиятиҳои маъруфи тоҷик дар шакли дастнавис ва мусаввадаҳои худи адибон ҳифзу нигаҳдорӣ мешаванд.
Таҷҳизоти нави гуногунҷабҳа имконият фароҳам меорад, ки сарчашмаҳои нодири адабӣ ва ҳуҷҷатҳои таърихии милливу мероси фарҳангӣ бо стандарти байналмилалӣ нигоҳдорӣ ва муҳофизат карда шаванд.
Ин иқдом барои таҳқиқоти илмӣ ва омӯзиши асарҳои классикони адабиёти тоҷик шароити беҳтар фароҳам оварда, барои донишҷӯён ва муҳаққиқон манбаи дастрасии осон ва босифат ба мероси адабӣ хоҳад шуд.
Таъкид гардид, ки эҳё ва таҷдиди ганҷинаҳои меросии адабӣ на танҳо барои рушди илм ва омӯзиш, балки барои нигоҳдории мероси фарҳангии миллӣ ва тақвияти худшиносии миллӣ аҳамияти бузург дорад.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон










Аз 1 сентябр маоши вазифавии кормандони соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ ва муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ зиёд карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар деҳаи Руҳафзои ноҳияи Темурмалик 9 иншооти таъйиноти гуногун ифтитоҳ гардид
Дар Тоҷикистон ҳавои моҳи якуми фасли тирамоҳ то 1 дараҷа гарм пешгӯӣ мешавад
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон маросими супоридани мукофот ва ҷоизаҳои давлатӣ ба намояндагони касбу кори гуногун баргузор шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Аз соли 2027 шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Русия кадом талаботи навро бояд риоя намоянд?
Оид ба нақши Пешвои миллат дар таҳкими истиқлолият ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамоиш доир шуд
Муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ба соли нави таҳсил омода мебошанд
ОГОҲӢ! Аз 29 то 31 август дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои маҳаллӣ пешгӯӣ мешавад
Самаранокии идоракунии молиявӣ бо намояндагони лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон баррасӣ шуд
ИСТИҚЛОЛИЯТ, ҶАВОНӢ ВА СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе Форуми ҷумҳуриявии ҷавонон баргузор гардид
Байни муассисаҳои соҳаи тандурустии Тоҷикистону Қазоқистон се Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Дар шаҳри Левакант муассисаи давлатии таҳсилоти томактабӣ ба истифода дода шуд






