Вобаста ба саҳми Пешвои миллат дар рушди фарҳанги миллӣ конференсия баргузор гардид

Ноябрь 12, 2025 18:20

ДУШАНБЕ, 12.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар китобхонаи илмии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода таҳти унвони «Саҳми Пешвои миллат дар рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи илмӣ-фарҳангӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз  Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат хабар доданд.

Иброз гардид, ки бо шарофати фазои мусоиди соҳибистиқлолӣ имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати мустақилонаи китобдориро бо дастовардҳои назаррас зина ба зина татбиқ менамояд, ки дар ин самт саҳми Пешвои миллат беандоза бузург аст.

Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар заминаи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат фаъолияти китобдорӣ дар мамлакат боло рафта, ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври ҳамешагӣ ба рушди соҳаи китобу китобдорӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Бо ҳидояти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи анъанаи эҳтирому бузургдошти китобу китобхонӣ корҳои шоёни зиёде анҷом дода шуданд, ки бузургтарини онҳо бунёди бинои нави Китобхонаи миллӣ мебошад.

Бо мақсади бедор намудан ва баланд бардоштани завқи китобхонӣ, дарёфти чеҳраҳои нав дар соҳаи суханварию сухандонӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ ва инкишофи қобилияти эҷодии мардум, таҳкими эҳсоси худшиносӣ, ғанӣ гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ, васеъ намудани доираи забондонӣ байни қишрҳои гуногуни ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷӯёни тамоми зинаҳои таҳсилот ва шаҳрвандони мамлакат бо амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм-фурӯғи маърифат» доир гардиданд.

Ин иқдоми оқилонаи фарҳангӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ, бархӯрди тамаддуну қудратҳо ва авҷ гирифтани фаъолияти равияву гурӯҳҳои ифротию тундрав барои ҷалби наврасону ҷавонон ба китобу китобхона тадбири мубраму саривақтӣ ба шумор меравад. Зеро ҷавонони соҳибхираду босавод ва дорои маърифати сиёсӣ ҳаргиз фирефтаи дасисаҳои муғризона нахоҳанд шуд.

АКС: Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода

Ноябрь 12, 2025 18:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад