35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ёвон муассисаҳои соҳаи маориф бунёд мегарданд

Декабрь 12, 2025 17:00

ДУШАНБЕ, 12.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон сохтмони муассисаҳои соҳаи маориф идома дорад. Аз ҷумла, дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17-и деҳаи Ғарав сохтмони бинои иловагии сеошёна идома дорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон хабар доданд.

Зимни шиносоӣ Раиси ноҳияи Ёвон Икромиддин Вализода иброз дошт, ки ин иқдом намунаи барҷастаи татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Иншоот бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва саҳми ватандӯстонаи соҳибкорон, инчунин иштироки фаъолонаи сокинони деҳаи Ғарав бунёд гардидааст. Он аз 26 синфхонаи таълимӣ иборат буда, барои 1300 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.

Ҳоло корҳои сохтмонӣ дар иншоот ҷараён дошта, тибқи нақша, дар арафаи Ҷашни байналмилалии Наврӯз бинои нав бо тарҳи замонавӣ ва шароити беҳтари таълим мавриди истифода қарор дода мешавад.

Дар муассисаи таҳсилоти томактабии «Ситора» гузаргоҳи электронии назорати ҳузур ва амнияти кӯдакон ба истифода дода шуд.

Амалисозии чунин ташаббусҳо ба сиёсати давлатии рақамикунонии соҳаи маориф, беҳтар намудани сатҳи идоракунӣ ва таъмини амнияти тарбиягирандагон мутобиқат мекунад.

Чунин тадбир дар ноҳия нахустин буда, татбиқи низоми электронии даромаду баромад имконият медиҳад, ки назорати дақиқи ҳузури кӯдакон ва кормандон таъмин гардад, волидон дар бораи ворид ва хориҷ шудани фарзандонашон тавассути барномаҳои махсус огоҳӣ гиранд, шаффофият ва интизом дар раванди идоракунӣ баланд бардошта шавад ва сатҳи амният дар муассиса баланд бардошта шуда, ҳолатҳои дастрасии шахсони тасодуфӣ пешгирӣ гардад.

Ба масъулин дастур дода шуд, ки системаи электрониро ба таври мунтазам фаъол ва махзани маълумотро сари вақт навсозӣ карда, бо волидон корҳои фаҳмондадиҳӣ пеш баранд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон

Декабрь 12, 2025 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар шаҳри Кӯлоб бо корҳои сохтмонӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ шинос гардид
Бахшида ба 10-солагии мақоми шаҳрро касб намудани Ҳисор ҳамоиш баргузор гардид
Оид ба рушди индустриалӣ-аграрии Тоҷикистон конференсия баргузор гардид
Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо корҳои созандагию ободонӣ шинос гардид
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Мадми ноҳияи Айнӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 бунёд карда мешавад
«ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Таҳти ин унвон Озмуни ҷумҳуриявии «Мақолаи беҳтарин» баргузор мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Хоруғ озмунҳои шаҳрӣ ва иқдоми бунёдкорӣ гузаронида мешаванд
Дар ноҳияи Мастчоҳ 200 иншооти таъйиноти гуногун бунёд карда мешавад
Дар шаҳри Ҳисор лоиҳаи бунёди мактабҳои нав муаррифӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Вахш корхонаи истеҳсоли маҳсулоти полиэтиленӣ ба фаъолият оғоз намуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Бадахшон корҳои созандагию бунёдкорӣ вусъат меёбанд
СОЛИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии ноҳияи Данғара ҳашари тозагӣ ва сабзкорӣ гузаронида шуд