35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Конибодом корҳои созандагӣ вусъати тоза мегиранд

Декабрь 20, 2025 15:30

ДУШАНБЕ, 20.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом корҳои ободонию созандагӣ вусъати тоза гирифтаанд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом иттилоъ доданд, дар айни замон таъмири пурраи шуъбаи ҷарроҳии калонсолони Беморхонаи марказии шаҳр идома дорад. Баъди анҷоми пурраи корҳои сохтмонӣ ин шуъба бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурии муосири тиббӣ таъмин мегардад. Шуъба дорои 25 кат буда, навсозии он ба беҳтар гардидани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ мусоидат мекунад.

Инчунин то имрӯз бинои чорқабатаи беморхонаи кӯдакона, шуъбаи ҷарроҳии кӯдакона ва шуъбаи таваллуди беморхонаи марказӣ пурра аз таъмир бароварда шуда, ҳоло дар шуъбаҳои осебшиносӣ ва наҷот корҳои таъмиру навсозӣ идома доранд.

Дар шаҳри Конибодом бунёди утоқҳои кории иловагӣ ва толори маҷлиси шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад. Лоиҳаи иншоот мутобиқ ба талаботи замони муосир таҳия шуда, дорои 16 ҳуҷраи корӣ ва толори маҷлис барои 100 ҷойи нишаст мебошад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом

Декабрь 20, 2025 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар болои Сирдарё пули нави иловагии мошингард сохта мешавад
Сокинони деҳаи Сангпари шаҳри Кӯлоб бо оби нӯшокии босифат таъмин гаштанд
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд