35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Турсунзода 170 иншооти роҳу нақлиёт бунёд ва таҷдид мегардад
ДУШАНБЕ, 23.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода 170 иншоот оид ба роҳу нақлиёт бунёд ва таҷдид карда мешавад.
Тавре аз Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, бо дастгирии Вазорати нақлиёт, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва соҳибкорону фаъолон дар маркази шаҳри Турсунзода 4,5 километр роҳи мошингард мумфарш карда шуд. Аз ҷумла, роҳҳои деҳаҳои Зиёраттут, Сангқалъа, Чиртак ва Истиқлол-1-и деҳоти Навобод ба масофаи 8,1 километр бо истифода аз масолеҳи босифат асфалтпӯш карда шуданд. Инчунин дар деҳоти Работ 8,8 километр, Турсун Тӯйчиев- 4,8, Ҷӯра Раҳмонов- 6 ва дар Қаратоғ 4,6 километр роҳ мумфаршу бетонпӯш карда шуд.
Ташаббускорон азм гирифтаанд, ки дар самти сохтмону таҷдиди роҳҳо амалҳои созанда ба анҷом расонанд.
Бояд гуфт, ки дар доираи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи рушди роҳҳои ободи деҳот барои солҳои 2023-2028»-ро таҳия ва тасдиқ намуд, ки дар ҳолати иҷро қарор дорад.
Ин барнома аз ҳисоби панҷ манбаи маблағгузорӣ амалӣ карда мешавад: маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ, ки барои Вазорати нақлиёт пешбинӣ шудаанд, лоиҳаҳои сармоягузорӣ, буҷети мақомоти ҳокимияти давлатӣ, соҳибкорони ватанӣ ва кумаки мутақобили сокинони маҳаллӣ (бо усули ҳашар).
Бо назардошти муҳимияти ин масъала масъулини Муассисаи давлатии «Нигаҳдории роҳҳои автомобилгард»-и шаҳри Турсунзода омодагӣ гирифтаанд, ки дар давраи сардиҳои зимистон ҳаракати тамоми воситаҳои нақлиётро бе таъхир таъмин намоянд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар болои Сирдарё пули нави иловагии мошингард сохта мешавад
Сокинони деҳаи Сангпари шаҳри Кӯлоб бо оби нӯшокии босифат таъмин гаштанд
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд






