35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Суғд бинои нави Маркази микроҷарроҳии чашм бунёд мегардад

Декабрь 4, 2025 17:30

ДУШАНБЕ, 04.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бинои нави Муассисаи давлатии Маркази микроҷарроҳии чашм сохта, ба истифода дода мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.

Бо назардошти талаботи рӯз ва зарурати такмил додани инфрасохтори тиббӣ бинои нави Маркази микроҷарроҳии чашм бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сохта мешавад.

Лоиҳа мутобиқ ба меъёрҳои соҳа таҳия гардида, дар бино имконияти васеи ташхису табобати бемориҳои чашм фароҳам оварда мешавад. Марказ дорои шуъбаҳои кӯдакон ва калонсолон буда, бо татбиқи лоиҳаи нав фаъолияти он беҳтар мегардад.

Ёдовар мешавем, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд сохтмон ва навсозии иншооти таъйиноти гуногун идома дорад. Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни таърихии миллат дар вилоят беш аз 12 ҳазор иншоот ба истифода дода шудааст.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Декабрь 4, 2025 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Суғд бо мақсади таҷлили шоистаи ҷашни Наврӯз корҳои сабзу хуррамгардонӣ оғоз шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар шаҳри Кӯлоб бо корҳои сохтмонӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ шинос гардид
Бахшида ба 10-солагии мақоми шаҳрро касб намудани Ҳисор ҳамоиш баргузор гардид
Оид ба рушди индустриалӣ-аграрии Тоҷикистон конференсия баргузор гардид