5 ДЕКАБР-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ВОЛОНТЁРОН. Бахшида ба ин рӯз дар Душанбе ҳамоиш доир гардид
ДУШАНБЕ, 05.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 5 декабр дар ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии волонтёрон эътироф шудааст. Бо ин мақсад имрӯз дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз ин кумита.
Дар айни замон зиёда аз 10 ҳазор волонтёрон фаъолияти худро мунтазам ба самтҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла пешгирии бемориҳои сироятӣ, тарзи ҳаёти солим, тарбияи ҷисмонӣ, варзиш, сайёҳӣ, ҳифзи муҳити зист, тартиботи ҷамъиятӣ, иштирок дар идоракунии давлатӣ ва чорабиниҳои гуногуни сиёсию фарҳангӣ ва ғайра равона намудаанд.
Бо мақсади рушди фаъолияти волонтёрӣ ва ҳарчи бештар ҷалб намудани шумораи зиёди аҳолӣ ба фаъолияти волонтёрӣ аз 1 июни соли 2023 «Барномаи миллии рушди фаъолияти волонтёрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» қабул гардид. Татбиқи он барои дастгирӣ, инчунин бартарафкунӣ ва ҳалли мушкилоту ниёзҳои оммавӣ, ҷамъиятию давлатӣ ва рушди устувори иҷтимоию иқтисодии аҳолӣ имкони муносиб медиҳад.
Барнома дурнамо барои давраи панҷ соли оянда буда, самтҳои асосии фаъолияти волонтёриро бо мақсади ҳалли масъалаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа муайян менамояд.
Зимни ҳамоиш раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Зулфиқор Гулаҳмадзода иброз намуд, ки имрӯз волонтёрӣ дар Тоҷикистон ба низоми мукаммал ва яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон табдил ёфтааст. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ» ва муайян гардидани Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдор дар ин самт нишонаи равшани таваҷҷуҳи доимии давлат ба рушди ҳаракати волонтёрӣ ва дастгирии ташаббусҳои созандаи ҷавонон мебошад. Ҳадафи асосии барнома васеъ намудани имконияти худташаккулёбии шаҳрвандон, фароҳам овардани шароити иҷтимоию иқтисодӣ ва инфрасохторӣ барои иштироки ташкилоти волонтёрӣ ва волонтёрон дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, инчунин эътирофи фаъолияти волонтёрӣ аз ҷониби ҷомеа ба ҳисоб меравад.
«Фаъолияти волонтёрон, ки саршор аз некуҳимматӣ, эҳсонкорӣ, масъулиятшиносӣ ва садоқат ба арзишҳои ҳуқуқиву ахлоқӣ мебошад, имрӯз ба унсури муҳими татбиқи барномаҳои иҷтимоӣ, фарҳангӣ, маърифатӣ ва варзишии мамлакат табдил ёфтааст», -изҳор дошт раиси кумита.
Иштирокдорони ҳамоиш доир ба нақши волонтёрон изҳор намуданд, ки имрӯз волонтёрони мо дар тамоми самтҳои муҳими ҳаёти мамлакат — аз корҳои ободонию сабзазоркунӣ то ҳифзи муҳити зист, аз дастгирии қишрҳои осебпазир то ташвиқи фарҳанги сиёсӣ, аз тарғиби тарзи ҳаёти солим то мусоидат дар чорабиниҳои илмӣ, варзишӣ ва фарҳангӣ нақши муассир ва корсоз доранд.
Тақвияти фаъолияти волонтёриро ба хотири иттиҳоду ҳамбастагии ҷавонон барои анҷом додани амалҳои хайрхоҳона, корҳои тозагиву созандагӣ, кумак ба шахсони ниёзманду пиронсолон дар шароити муосир афзал шуморида, ин тадбирҳо барои худи волонтёрон мактаби муҳими худташаккулёбӣ мебошанд.
Бояд иброз намуд, ки волонтёрӣ фаъолиятест, ки ҳазорсолаҳо дар байни мардуми мо бо шаклҳои гуногун вуҷуд дошт ва падарону бобоёни мо ин навъи фаъолиятро бо мақсади ободу зебо гардонидани Ватан, густариши худшиносии миллӣ, дӯст доштани сарзамин ва дасти кумак расонидан ба шахсони ниёзманд пайваста истифода менамуданд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ ҷавонони фаъоли мамлакат дар партави сиёсати оқилонаи Пешвои миллат дар роҳи ободонию созандагии Ватан бо ташаббусҳои наҷибона ба ин навъи фаъолияти ҷамъиятӣ мепардозанд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








ҒИЗОИ СОЛИМ. Пӯдина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруф аст
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд






