Агентии «Тоҷикстандарт : «380 тонна молу маҳсулоти муҳлати истеъмолаш гузашта ва ғайристандартӣ нобуд карда шуд»

Декабрь 19, 2025 14:28

ДУШАНБЕ, 19.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи гузаронидани  корҳои тавзеҳотию фаҳмондадиҳӣ аз аввали соли 2025 то инҷониб зиёда аз 380 тонна молу маҳсулоти муҳлати истеъмолаш гузашта ва ғайристандартӣ нобуд карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии «Тоҷикстандарт» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, ин маҳсулоти нобудшуда маҳсулоти хӯроквории қаннодӣ, иловагиҳои ғизоӣ, обҳои ташнагишикан, хурмо, нӯшокиҳои спиртӣ ва ғайриспиртӣ мебошанд, ки барои нобуд кардан аз ҷониби соҳибкорон ба агентӣ супорида шудаанд. Ҳамчунин маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ, аз қабили маҳсулоти сохтмонӣ, хокаҳои сохтмонӣ, ранг ва ғайраҳо нобуд карда шуд.

Ҳадафи ин амал назорат ва ҳимояи бозори истеъмолӣ, яъне пешгирӣ аз воридот ва фурӯши молу маҳсулоте, ки ба талабот ҷавобгӯ нест, инчунин дарёфт ва аз муомилот гирифтани молу маводи пастсифат ва зараррасоне аст, ки ба ҳаёти одамон зарар дорад.

Дар доираи таъмини сифат ва бехатарии маҳсулот, ҳифзи бозори истеъмолӣ аз молу маҳсулот ва хизматрасонии пастсифат ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон кормандони Нозироти савдои Агентии «Тоҷикстандарт» бо соҳибкорон, фурӯшандагон, воридкунандагони молу маҳсулот, инчунин истеъмолкунандагон пайваста корҳои тавзеҳотию фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд.

Зимни корҳои фаҳмондадиҳӣ аз соҳибкорон даъват шуд, ки молҳои пастсифат ва ё муҳлати истеъмолаш гузаштаро ба мардум нафурӯшанд. Барои нобуд сохтан ва аз муомилот баровардани ин гуна молу маҳсулот ба Агентии «Тоҷикстандарт» муроҷиат кунанд.

Натиҷаи ҳамин гуна корҳои тавзеҳотию фаҳмондадиҳӣ аст, ки соҳибкорони масъулиятшинос молу маҳсулоти муҳлати истеъмолашон гузашта ва ё ғайри қобили истифодаро ба Агентии «Тоҷикстандарт»  месупоранд.

Метавон гуфт, ки ин раванд аз ҷониби дигар соҳибкорон низ идома дода шуда, дар таъмини ҳимояи бозори истеъмолӣ ва тоза нигоҳ доштани он заминаи мусоид фароҳам меорад.

Ёдовар бояд шуд, ки дар баробари корҳои фаҳмондадиҳию тавзеҳотӣ кормандони Нозироти савдо барои риояи талаботи регламентҳои техникӣ бо соҳибкорон ва истеҳсолкунандагон кор мебаранд.

Кормандони нозироти савдои Агентии «Тоҷикстандарт»  дар оянда раванди корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тавзеҳотиро густариш дода, дар таъмини ҳимояи бозори истеъмолӣ ва таъмини ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон нақши арзишманд мегузоранд.

Аз истеъмолкунандагон ва шаҳрвандон даъват ба амал оварда мешавад, ки аз харидории маҳсулоти шубҳанок худдорӣ намоянд ва ҳангоми поймол гардидани ҳуқуқҳои истеъмолиашон ба Агентии «Тоҷикстандарт» муроҷиат кунанд.

АКС: Агентии «Тоҷикстандарт»

Декабрь 19, 2025 14:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳои Роғун, Ваҳдат, Файзобод ва Варзоб муаррифӣ карда шуд
Тоҷикистон ва Туркманистон ҳамкориро дар соҳаи саноати нассоҷӣ тақвият медиҳанд
Дар Вазорати молияи Тоҷикистон татбиқи лоиҳаҳои нақлиёту энергетика баррасӣ гардид
Дар Палатаи ҳисоб оид ба пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия машварат баргузор шуд
Дар Душанбе Протоколи ҷаласаи 14-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон ба имзо расид
Татбиқи лоиҳаҳои Бонки исломии рушд дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
БА ТАВАҶҶУҲИ РОНАНДАГОН! Набудани бимаи суғурта ва корти ташхиси техникӣ минбаъд тавассути дурбинҳо сабт карда мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Олмон дар самти рушди инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ гардид
Масато Канда: «БОР 1,1 миллиард доллари ИМА-ро ба татбиқи Стратегияи нави шарикӣ бо Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030 ҷалб менамояд»
Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «ITB Berlin 2026» муаррифӣ мегардад
Ҷаласаи чордаҳуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон баргузор гардид
Татбиқи «Стратегияи Бонки Осиёии Рушд барои Тоҷикистон дар давраи солҳои 2026–2030» оғоз мегардад