Лоиҳаи «Барномаи маърифат ва фарҳанги экологӣ барои солҳои 2026–2030» муаррифӣ гардид

Декабрь 24, 2025 08:36

ДУШАНБЕ, 24.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 23 декабр дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи «Барномаи маърифат ва фарҳанги экологӣ барои солҳои 2026–2030» муаррифӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин кумита хабар доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки марҳилаи навбатии лоиҳаи барнома бо мақсади  баланд бардоштани сатҳи маърифати экологӣ, ташаккули фарҳанги муносибати масъулона ба муҳити зист, ҷалби аҳолӣ, бахусус кӯдакону ҷавонон ба ҳифзи табиат ва рушди устувор равона гардида, ҳамчун ҳуҷҷати муҳими стратегӣ барои солҳои 2026–2030 хизмат мекунад.

Иштирокчиёни ҷаласа вобаста ба самтҳои афзалиятнок, механизмҳои амалисозӣ ва такмили муҳтавои ин барномаи нав  мулоҳизаҳо ва пешниҳодҳои муфид баён намуданд.

Таъкид шуд, ки ҳама пешниҳодҳои манзуршуда мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҳангоми такмили ниҳоии барнома ба инобат гирифта мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки лоиҳаи «Барномаи маърифат ва фарҳанги экологӣ барои солҳои 2026–2030» аз ҷониби  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 24, 2025 08:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд