Ҷаласаи корӣ бо иштироки роҳбарони мақомоти марказии иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид
ДУШАНБЕ, 13.12.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати мудофиа таҳри роҳбарии Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон ҷаласаи корӣ бо роҳбарони мақомоти марказии иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҷаласа Вазири мудофиа, Вазири корҳои дохилӣ, Прокурори генералӣ, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, роҳбарияти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Вазорати адлия, фармондеҳони Гвардияи миллӣ ва Қӯшунҳои сарҳадӣ, директорони Агентиҳои назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, назорати маводи нашъаоввар, таъминоти амволи махсус ва роҳбарияти якчанд сохторҳои марбутаи соҳавӣ иштирок доштанд.
Роҳбарони мақомоти марказии иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ҷаласа вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дар шароити ҷаҳонишавӣ ҳифзи амнияту суботи кишвар, пурзур намудани иқтидори мудофиавии давлат ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии шаҳрвандон чор мавзуъро мавриди таҳлилу баррасии ҳамаҷониба қарор доданд.
Нахуст доир ба мавзуи рушди саноати мудофиавӣ Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан гуфта, вобаста ба ҳолати кунунӣ ва фаъолияти минбаъдаи корхонаҳои саноатии соҳа маълумот пешниҳод намуд.
Ҳамзамон саҳми корхонаҳои саноатии соҳа дар татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – Саноатикунонии босуръати кишвар муҳим арзёбӣ карда шуд.
Дар идома аз ҷониби муовини Вазири мудофиа оид ба аслиҳа ва техникаи ҷангӣ доир ба фаъолияти имрӯзаи корхонаҳои саноатии Вазорати мудофиа, бо ҷалби соҳибкорони ватанӣ таъсис додани корхонаҳои нави истеҳсолии соҳавӣ ва дигар роҳҳои рушди он ҳисобот дода шуд.
Таъмини мудофиаи давлат дар шароити таҳдиду хатарҳои эҳтимолии замони имрӯза, густариши мудофиаи ҳудудӣ, санҷиши ҳолати захираҳои сафарбарӣ, саҳми шаҳрвандони дар эҳтиёт қарордошта дар самти ҳифзи марзу буми кишвар, боз ҳам густариш бахшидани фаъолияти сохторҳои қудратӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба ҳифзу таъмини амнияту суботи сартосарӣ дар суханронии Сардори ситоди генералӣ, муовини аввали Вазири мудофиа шарҳи бештар ёфт.
Таъкид карда шуд, ки бо ҷалби шахсони масъули Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тақрибан дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар чорабиниҳои сиёсӣ – ҷамъиятии санҷиши мудофиаи ҳудудӣ ва захираҳои сафарбарӣ ташкилу баргузор гардиданд, ки дар онҳо сокинон бо руҳияи баланд ва масъулияти бузург иштирок намуданд.
Намояндагони котиботи Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба беҳтар намудани шароити хизмати сарбозону афсарон, даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ, омодабошии баланди ҷангӣ, ҳифзи саломатии сарбозону афсарон, ҷалби шаҳрвандони солиму ватандӯст ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ, пешгирии ҳолатҳои қонуншиканӣ, коррупсионӣ, ҷалби табибони баландихтисос ба соҳаи низомӣ ва дигар масъалаҳои муҳими соҳаро таҳлил намуданд.
Ҷаласа бо таклифу пешниҳодҳои муфид барои боз ҳам тақвият бахшидани ҳамкории зичи сохторҳои қудратии кишвар ва дар якҷоягӣ ҳифзу ҳимояи манфиатҳои миллӣ, оромиву суботи кишвар ва саҳм гузоштан дар рушду пешрафти Тоҷикистон ҷамъбаст гардид.
АКС: Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон










Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд






