АМАЛИ МО ИНТИҚОЛИ НУР АСТ. Эҳдо ба Рӯзи энергетикҳо дар Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 22.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 22 декабр дар Тоҷикистон Рӯзи энергетикҳо эълон гардидааст. Соҳаи мазкур дар рушди иқтисоди мамлакат нақши калидӣ дорад. Рӯзи энергетикҳо дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» гузаронида шуда, дар радифи идҳои дорои аҳамияти бузурги иҷтимоӣ қарор дорад. Иди касбии кормандони соҳаи энергетика дар мамлакат бозгӯи таваҷҷуҳи хоссаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи энергетика ва арҷгузорӣ нисбат ба кормандони соҳаи энергетикаи ҷумҳурӣ, аз ҷумла мутахассисони неругоҳу шабакаҳои барқӣ, корхонаҳои саноатӣ ва ҳамаи онҳое, ки дар ин соҳа заҳмат мекашанд, инчунин кормандон, устодон ва донишҷӯёни муассисаҳои олии касбии энергетикии мамлакат мебошад.
-Интиқолу қабули барқ дар низоми энергетикии тамоми олам нақши калидӣ дорад. Ҳарчанд истеҳсоли барқ барои ҳар кишвар асоси пешрафти иқтисодиёт ва иҷтимоиёт ба шумор меравад, интиқол додан, ба муштарӣ расонидани барқи истеҳсолшуда, ки тавассути заҳмати зиёд ва нақшаи мураккаб амалӣ мешавад, рукни муҳиму асосии таъминот бо барқ маҳсуб мегардад. Ин дар ҳолест, ки барқи истеҳсолшударо якҷо ҷамъ овардан ва ё нигоҳ доштан номумкин аст- барқ, ки истеҳсол шуд, ҳамон лаҳза бояд интиқол ёбад.
Беҳуда нест, ки давлатҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ тараққиёфтаи дунё, пеш аз ҳама, дорои инфрасохтори мукаммали интиқолу қабули барқ мебошанд. Аз рӯи омори Бонки ҷаҳонӣ, дарозии умумии хатҳои интиқоли барқ дар олам тақрибан 80 миллион километрро ташкил медиҳад. Агар масофаи дарозии экватори Замин 40 075 километрро ташкил диҳад, хатҳои интиқоли барқ 1966,2 маротиба аз болояш мегузаранд. Яъне, тамоми сайёра бо хатҳои интиқоли барқ пӯшонида шудааст.
Неруи барқ дар чорсад соли пайдоиш ба ҷузъи ҷудонашавандаи ҳаёти инсон табдил ёфт ва истеҳсоли он афзуд. Агар соли 1950 дар ҷаҳон ҳамагӣ 950 миллиард кВт-соат неруи барқ истеҳсол шуда бошад, соли 2024 ин рақам ба 31,2 триллион кВт-соат барқ расид. Бино ба иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, тавлиди умумии неруи барқ соли 2024 дар мамлакат 22 миллиарду 428 миллион кВт-соатро ташкил додааст. Ин нисбат ба соли 2023 567,2 миллион кВт-соат ё 3,0 фоиз зиёд аст. Ба муштарӣ расондани ин миқдор барқ тавассути инфрасохтори мукаммал ва нақшаи мураккаби интиқоли барқ сурат гирифта, асоси фаъолияти кормандони Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Шабакаҳои интиқоли барқ”ба шумор меравад.
Тараққии иқтисоди миллӣ ва низоми зиндагии мардум бе дастрасӣ бо барқ тасаввурнопазир аст. Дар Тоҷикистон низ дар солҳои Истиқлоли давлатӣ инфрасохтори интиқол ва қабули барқ рушд ёфт. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дарозии умумии хатҳои барқи 110-220-500 кВ 6978,6 километрро ташкил медиҳад. Тавассути 177 зеристгоҳи барқии 110-220-500 кВ, ки дар онҳо 334 трансформатори қуввагӣ насб карда шудааст, ин хатҳои интиқоли барқ имконият муҳайё менамоянд, ки тамоми кишвар нурборон шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 17 августи соли 2017 ба фаъолияти зеристгоҳи «Геран-2» оғози расмӣ бахшиданд.
Маҳз бо кумаку дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи хеле муҳим — Хати интиқоли барқи баландшиддати «Ҷануб-Шимол», ки вусъаташ 325 километрро ташкил медиҳад бо зеристгоҳҳои барқии “Душанбе-500 кВ” ва “Суғд-500 кВ” бунёд ёфт. Ин иншооти муҳим 29 ноябри соли 2009 бо иштироки Сарвари давлат ба истифода дода шуд.
Хати баландшиддати интиқоли неруи барқи «Ҷануб-Шимол»-500 кВ барои мамлакати мо ҳам аҳамияти иқтисодӣ, ҳам иҷтимоӣ ва ҳам стратегӣ дорад. То бунёди он низоми энергетикии шимоли мамлакат аз марказ ҷудо буд. Дар ин ҳолат, ки аксари иқтидори энрегетикии мо вобаста ба имконот ва ҳаҷми захираҳои обӣ-энергетикии дар дарёи Вахш мавҷуд буда, дар ҷануби мамлакат бунёд ёфтаанд, барои шимоли кишвар мо маҷбур будем, ки барқи заруриро аз кишварҳои ҳамсоя ворид намоем. Баъди ба кор даровардани хати баландшиддати интиқоли неруи барқи «Ҷануб-Шимол»-500 кВ ин вобастагӣ пурра барҳам хӯрд; Тоҷикистон соҳиби низоми ягонаи энергетикӣ гардид ва ин фазои ягонаи энергетикӣ дар таърихи давлати соҳибистиқлоламон рӯйдоди воқеан муҳими таърихӣ буд.
Як сол қабл аз он, 25 июни соли 2008 хати интиқоли барқи баландшиддати 220 кВ «Лолазор» — «Хатлон», дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода супорида шуд.
Вусъати хати интиқоли барқи «Лолазор» — «Хатлон» масофаи 56 километрро ташкил дода, дар масири он 4 трансформатори пуриқтидор, 133 такягоҳ насб ва ду зеристгоҳ – «Лолазор-220/110/10 кВ» дар ноҳияи Данғара ва «Хатлон-220/110/10 кВ» -и шаҳри Кӯлоб, ки имкони дар як сол интиқол додани 4 миллиард киловатт-соат барқро аз неругоҳҳои барқи обии «Норак», «Бойғозӣ», «Сангтӯда-1» ва «Сангтӯда-2» доранд, бунёд гардиданд.
Ин хати интиқоли барқ имконият фароҳам овард, ки вазъи таъмини барқ дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ва як қисми Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон боэътимод гардад.
Мисоли дигари дастгирӣ ва таваҷҷуҳи беандозаи Сарвари давлат ба инфрасохтори энергетикӣ- ин бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷайҳун бунёд ёфтани зеристгоҳи барқии нави «Геран-2220/110/10 кВ» мебошад. Ин зеристгоҳи пуриқтидор ва муосир дар доираи «Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқ» дар асоси Созишномаи грантӣ, ки 16 сентябри соли 2010 байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии рушд ба имзо расидааст, бунёд гардид.
Зеристгоҳи «Геран-2» бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз буда, ҳамаи дастгоҳҳои он тавассути технологияи компютерӣ идора ва назорат карда мешаванд. Зеристгоҳи «Геран-2» имконият фароҳам овард, ки низоми интиқоли барқи қисмати ҷануби Ҷумҳурии Тоҷикистон нав ва васеъ гардонида шуда, барои савдои минтақавии неруи барқ шароити мусоид пайдо гардад. Аз дигар тараф, ин иншооти муосир ба паст кардани талафоти энергияи барқ ва беҳтар кардани эътимоднокии таъминоти барқ дар минтақаи ҷануби Тоҷикистон мусоидат мекунад.
Зеристгоҳи «Геран-2220/110/10» дар 7 гектар доман густурда, аз ин зеристгоҳ ду хати интиқоли барқи 220 кВ ба Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда 1» ва як хати интиқоли барқи 220 кВ ба зеристгоҳи «Колхозобод» пайваст мебошанд. Хати интиқоли барқи дузанҷираи 220 кВ ва як хати интиқоли барқи 110 кВ неруи барқ аз зеристгоҳи нави «Геран-2» ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон неруи барқи истеҳсоли ҷониби Тоҷикистонро содирот мекунанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 17 августи соли 2017 дар расми тантанавии ба кор даровардани зеристгоҳи «Геран-2» иштирок намуда, ба фаъолияти ин иншооти азими энергетикии мамлакат оғози расмӣ бахшиданд.
Ба истифода додани хати интиқоли барқи 220 кВ «Айнӣ-Рӯдакӣ» дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд 23 марти соли 2018 имконият фароҳам овард, ки ҳам таъминоти барқ дар водии Зарафшон беҳтар гардад, ҳам тавассути зеристгоҳи «Рӯдакӣ»-220/110/35/10 -и шаҳри Панҷакент минбаъд ба Ҷумҳурии Узбекистон тавассути вилояти Самарқанд доду гирифти барқ амалӣ карда шавад.
Ба истифода додани зеристгоҳи барқии “Рӯдакӣ-110/10 кВ” ва хати интиқоли барқи 110 кВ Восеъ — Рӯдакӣ, хатҳои барқи 220 кВ Қайроққум-Ашт, Геран-Румӣ, ва Суғд-Қайроққум, хати интиқоли барқи 500 кВ “Датка-Суғд” дар доираи лоиҳаи лоиҳаи CASA-1000 аз дастовардҳои низоми энергетикии мамлакат дар бунёди инфрасохтори интиқоли барқ ба шумор мераванд.
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 17 зеристгоҳи барқӣ бо иқтидори 4502 МВА ва 1824 км хатҳои интиқоли барқ сохта, ба истифода дода шуд, ки таҷҳизоти мавҷуда таҷдиду навсозӣ гардиданд.
Дар доираи амалӣ шудани сиёсати энергетикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ислоҳоти соҳаи энергетикаи мамлакат соли 2019 дар сохтори низоми энергетикии мамлакат тағйироти куллӣ ба амал омад. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2019 Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик», ки чун мудирияти асосии низоми энергетикӣ аз давраи Иттиҳоди Шуравӣ то ин дам амал менамуд, ба се сохтори мустақил тақсим карда шуд.
Дар асоси ин қарор, аз ҷумла Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои интиқоли барқ» ташкил ёфт, ки аз 11 январи соли 2021 мустақилона амал менамояд. Вобаста ба ин масъулияте, ки Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои интиқоли барқ» бар дӯш дорад, хеле муҳим ва зарурист. Дар кори интиқолдиҳандагони барқ заррае бетавофутӣ ва беаҳамиятӣ метавонад боиси садамаҳои калони технологӣ гардад.
Корманди соҳаи интиқоли барқ шахсест, ки ҳамеша бо шиддати баланди барқ сару кор дорад, дар гармову сармо, аксар вақт дар ҳавои кушод, дур аз хонаву дар кор мекунад. Корманди соҳаи интиқоли барқ бояд ҳамеша ботаҳаммул бошад, то хато накунад. Бешубҳа, интиқол ва қабули барқ раванди хеле мураккаби электротехникист. Хушбахтона, кормандони мо аз уҳдаи корашон ба хубӣ мебароянд. Дар панҷ соли фаъолият Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Шабакаҳои интиқоли барқ” ба корхонае табдил ёфт, ки талафоти техникии неруи барқро қариб ду баробар кам намуд, фаъолияташро ҳар сол бо фоида ҷамъбаст менамояд ва аз тарафи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чун муассисаи беҳтарини андозсупоранда эътироф шудааст.
Кормандони соҳаи барқ бахшандагони нуру зиё ба шумор мераванд, аз ин рӯ, коре, ки онҳо ҳар рӯз ба сомон мерасонанд, кори савоб аст. Рамзи иди касбии мо шояд дар он бошад, ки амали мо шабҳои торро мунир месозад. Барори кори мо, энергетикҳо- нурборон будани тамоми Тоҷикистон аст. Бигузор кори энергетикҳо бобарор ва тамоми мамлакати азизамон нурборон бошад!

2 апрели соли 2018 хати интиқоли барқи Регар (Тоҷикистон) – Гулча (Узбекистон) ба шиддат пайваст карда шуд.
Мирзо МАҲМУДЗОДА,
директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои интиқоли барқ»










«ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ВА КРИОСФЕРА». Қабули ин қатънома қадами устувор дар масири мутобиқнамоии ноҳияҳои кӯҳсор ба гармшавии глобалии иқлим аст
БЕМАСЪУЛИЯТӢ ДАР ИСТИФОДАИ НЕРУИ БАРҚ. Корманди зеристгоҳи барқӣ қувваи барқро ғайриқонунӣ истифода менамояд
ПАЗИРОИИ ТАШАББУСҲОИ МИЛЛӢ — БА ХОТИРИ ҲИФЗИ АРЗИШҲОИ ҶАҲОНӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
МУҚОВИМАТ БА ХУРОФОТПАРАСТӢ-ТАВАССУТИ МАЪРИФАТИ БАЛАНД. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Нақши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди соҳаи таҳсилоти томактабӣ
Иҷрои Барномаи рушди соҳаи механиконии инноватсионии кишоварзӣ баррасӣ гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ошкор гардид
РӮЗИ ЭНЕРГЕТИКҲО. Энергетика заминаи рушд барои дигар бахшҳои иқтисоди Тоҷикистон аст
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Омилҳои пайдоиши диабети қанд ирсӣ, фарбеҳӣ ва фишорбаландӣ мебошанд
Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» рамзи эҳтиром ба заҳмати омӯзгор аст






