Вазъи кунунии ҳамкории мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ гардид

Март 31, 2026 14:40

ДУШАНБЕ, 31.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Таҳкими ҳамкории дуҷониба дар самти фаъолияти гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар мулоқоти роҳбарияти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи гумруки назди Вазорати иқтисод ва молияи Ҷумҳурии Узбекистон баррасӣ гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Муовини якуми сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Турсунзода ва муовини Раиси Кумитаи гумруки назди Вазорати иқтисод ва молияи Ҷумҳурии Узбекистон Надир Мусамухамедов доираи васеи масъалаҳои муҳим, аз ҷумла содагардонии расмиёти гумрукӣ, коҳиш додани монеаҳои маъмурӣ ҳангоми интиқоли молу воситаҳои нақлиёт, таъмини шаффофият ва суръатбахшии барасмиятдарории молҳоро мавриди муҳокима қарор доданд.

Ҳамчунин ба масъалаҳои марбут ба рушди табодули иттилоот байни мақомоти гумрукии ду давлат таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, роҳҳои ҳалли мушкилоти мавҷуда дар ин самт баррасӣ карда шуданд.

Дар идомаи мулоқот ҷонибҳо ба таъмини табодули пешакии маълумот оид ба молҳои транзитӣ, ҳамоҳангсозии маълумот вобаста ба молҳое, ки аз ҷониби шахсони воқеӣ барои эҳтиёҷоти шахсӣ интиқол дода мешаванд, инчунин ба такмили равандҳои назорати гумрукӣ дар дидбонгоҳҳои наздисарҳадӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.

Мулоқоти роҳбарияти мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Узбекистон дар таҳкими ҳамкории дуҷониба ва рушди муносибатҳои иқтисодӣ байни ду давлат қадами муҳим арзёбӣ мегардад.

АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 31, 2026 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид