Ҳамкории Тоҷикистону Туркия дар самти таҳсилоти олӣ тақвият меёбад
ДУШАНБЕ, 02.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Омодагии Тоҷикистону Туркия барои таҳкими робитаҳои минбаъда ва густариши иқдоми муштарак дар самти рушди устувори таҳсилоти олӣ зимни вохӯрии Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода ва раиси Шурои таҳсилоти олии Туркия Эрол Озвар баён карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм хабар доданд.
Зимни мулоқот тарафҳо доираи васеи масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкории дуҷониба дар самти таҳсилоти олӣ, рушди инфрасохтори таълимӣ, табодули таҷрибаи илмӣ, инчунин густариши равобити академӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олии ду мамлакатро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Вазири маориф ва илм аз ҳамкории мутақобили судманд барои баланд бардоштани сифати таҳсили олӣ изҳори сипос намуда, таъкид кард, ки ҳамкории дуҷониба барои рушди устувори низоми таҳсили олӣ аҳаммияти хос дорад.
Иброз карда шуд, ки дар доираи ҳамкории амалкунанда якчанд лоиҳаи муштарак, аз ҷумла ташкили барномаҳои таҳсилоти муштарак (Turkish Scholarship) ва табодули донишҷӯён дар ҳоли рушд қарор дорад. Ин иқдом ба таҳкими робитаҳои илмӣ, рушди салоҳияти касбӣ ва боло бурдани сатҳи таҳсил мусоидат менамоянд.
Эрол Озвар зарурати густариши ҳамкорӣ дар самти рушди ихтисосҳои тиббӣ, фаъолсозии лоиҳаҳои муштарак дар бахшҳои технологияи инноватсионӣ, зеҳни сунъӣ ва рақамисозии таълимро таъкид намуд. Ӯ изҳор дошт, ки ҷониби Туркия омода аст барои афзоиши иқтидори кадрӣ ва рушди ихтисосҳои афзалиятнок барномаҳои нав ба роҳ монад.
Эрол Озвар ҳамчунин омодагии Шурои таҳсилоти олии Туркияро барои дастгирии навсозии заминаи техникии донишгоҳҳои техникӣ, ҷудо намудани бурсияҳо барои таҳсил дар зинаҳои магистратура ва докторантура, инчунин фароҳам овардани имконияти бештар барои ҷалби омӯзгорони тоҷик ба даврҳои омӯзиши такмили ихтисос ва барномаҳои омӯзиши касбӣ иброз дошт.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи маориф ва илм баррасӣ гардид
Ректорони муассисаҳои таҳсилотии Узбекистон бо зарфияти таълимӣ ва илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуданд
Форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд
Имрӯз Форуми сеюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор мегардад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» то 19 март идома меёбад
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» оғоз гардид
Қабули ҳуҷҷатсупории довталабон барои иштирок дар бурсияи Ҳукумати Ҷумҳурии Индонезия оғоз шуд
Ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон бо рафти таҳсилоти олӣ дар вилояти Панҷоби Ҳиндустон шинос гардид
Арзиши хизматрасонӣ дар ИМД-2026 чӣ қадар аст ва барои киҳо имтиёз муқаррар карда шудааст?
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба саҳми матбуот дар рушди давлатдории миллӣ ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ доир шуд
Доир ба шароити нигоҳдории солимии психологӣ дар муҳити муассисаҳои таълимӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ширкати нидерландии EISIVIER баррасӣ гардид






