Ассамблеяи СММ оид ба муҳити зист қатъномаи Тоҷикистонро оид ба ҳифзи пиряхҳо ва криосфера қабул намуд

Декабрь 13, 2025 18:00

ДУШАНБЕ, 13.12.2025. /АМИТ «Ховар»/. 12 декабр Ассамблеяи муҳити зисти Созмони Милали Муттаҳид (ЮНЕА) зимни анҷоми иҷлосияи ҳафтуми худ дар қароргоҳи ЮНЕП шаҳри Найробии Ҷумҳурии Кения қатъномаро дар бораи «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера» қабул намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Қатъномаи мазкур, ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуд.

Қатънома аз ҳамаи давлатҳои аъзо ва шарикони рушд даъват ба амал меорад, ки саъю талошҳои худро дар самтҳои андешиданичораҳои фаврӣ оид ба ҳифзи пирряхҳо, мубориза бо тағйирёбии иқлим, густариши ҳамкории байналмилалӣ ва баланд бардоштани устуворӣ ва ҷалби маблағҳои молиявӣ тақвият бахшанд.

Илова бар ин Қатънома натиҷаҳои Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро, ки моҳи майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, расман истиқбол намуд.

Қабул гардидани Қатъномаи мазкур бо иттифоқи оро дар ЮНЕА-7 нақши боризи Тоҷикистонро дар пешбурди рӯзномаи обу иқлим, аз ҷумла ҳифзи пиряхҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ бори дигар собит месозад.

Ассамблеяи Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист дар сатҳи ҷаҳонӣ, ҳамчун мақомоти олии қабулкунандаи қарорҳо оид ба масъалаҳои марбут ба муҳити зист эътироф шудааст.

Қатъномаи мазкур нахустин ва то ҳол ягона қатънома дар таърихи Ассамблеяи муҳити зисти СММ аст, ки муаллифи он кишвари Осиёи Марказӣ — Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 13, 2025 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад