Ба ифтихори Рӯзи таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Рашт ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
РАШТ, 10.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 9 декабр дар ноҳияи Рашт бахшида ба 31-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ доир гардид. Дар ин хусус ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт иттилоъ доданд.
Раиси ноҳияи Рашт Зарина Идизода иброз дошт, ки «имсол ба таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки маҳсули андешаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, 31 сол пур мешавад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун неруи бузурги сиёсӣ, созанда, бунёдкор ва пешбарандаи ҷомеа давоми 31 соли фаъолият барои рушди давлат, мустаҳкамнамоии пояҳои сиёсии он, пешрафти ҷомеа ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум корҳои назаррас анҷом додааст. Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар ҷумҳурӣ таъмину пойдор гардид».
Дар ҳамоиш иброз гардид, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зери роҳбарии хирадмандонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тавассути фаъолияти пурсамар, талошҳои созанда ва ҳифзи манфиатҳои бунёдии мардуми ин сарзамин дар шароити тақдирсози таърихӣ, ки ҷасорату матонати бемислро тақозо мекард, дар ҷомеа мақоми ҳизби роҳнаморо соҳиб шуд.
Дар ҳамоиш фаъолону собиқадорони ҳизб аз тарафи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт бо Ифтихорнома, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт








ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид






