Байни АМИТ «Ховар» ва Агентии иттилоотии «S.P.A»-и Арабистони Саудӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мубодилаи иттилоот ба имзо расид

Декабрь 4, 2025 19:08

ДУШАНБЕ, 04.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз байни Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Агентии иттилоотии Саудӣ «S.P.A»-и Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мубодилаи иттилоот ба имзо расид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Ёддошти тафоҳум дар шаҳри Ар-Риёзи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ аз ҷониби директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» Субҳиддин Шамсиддинзода ва иҷрокунандаи вазифаи Раиси Агентии иттилоотии Саудӣ «S.P.A» Ҳасан ибни Муҳаммад Ал-Асмарӣ ба имзо расид.

Ин санад ба таҳкими ҳамкории касбӣ дар соҳаи табодули иттилоот бо назардошти усулҳои баробарӣ, эҳтироми мутақобил ва эътимод ба манфиатҳои муштарак равона гардидааст. Он дар асоси қонунгузориҳои миллӣ амалӣ гардида, табодули иттилоотро густариш медиҳад.

Директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» Субҳиддин Шамсиддинзода иброз намуд, ки «ҳамкорӣ дар соҳаи иттилоот метавонад дар оянда ҷузъи муҳими таҳкими робитаҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Арабистони Саудӣ гардад ва ба муаррифии боз ҳам бештари мақому манзалат ва дастоварду музаффарияти ду мамлакат дар арсаи байналмилалӣ мусоидат намояд. Мо боварӣ дорем, ки ин Ёддошти ҳамкорӣ на танҳо ба ду агентии иттилоотӣ, балки барои тамоми воситаҳои ахбори оммаи  Тоҷикистон ва Саудӣ манфиат меорад».

Ин санади дуюми ҳамкории Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон бо яке аз давлатҳои пешрафтаи Арабӣ мебошад.  Соли 2024 чунин санади ҳамкорӣ бо Давлати Кувайт низ ба имзо расида буд.

Тибқи ин санади ҳамкорӣ тарафҳо ҳуқуқ доранд, ки маълумоти дастрастшударо дар давлатҳои худ бо истифода аз тамоми имконият ва бо уҳдадории нишон додани манбаи иттилоъ паҳн намоянд. Ҳамчунин дар доираи ин санад чорабиниҳои марбут ба сафарҳои Сарони давлатҳо, ҳайатҳои расмии ҳукуматҳо, инчунин дигар чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ баргузор мегарданд, сари вақт инъикос карда мешаванд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 4, 2025 19:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад
МАТБУОТ — ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Андешаҳо бахшида ба 114-солагии Рӯзи матбуоти Тоҷикистон