Байни деҳаю маҳаллаҳои аҳолинишини ҷамоатҳои шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон мусобиқаи футбол оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 11.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Варзишгоҳи ҷумҳуриявӣ марҳилаи ниҳоии мусобиқаи варзишии футбол байни деҳаҳо ва маҳаллаҳои аҳолинишини ҷамоатҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо иштироки даҳҳо даста аз минтақаҳои гуногуни мамлакат ифтитоҳ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон хабар доданд.
Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода баргузории чунин мусобиқаҳои оммавиро дар таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушди варзиш дар маҳалҳо ва густариши ҳамкории ҷавонон байни минтақаҳо қадами муҳим ҳисобид.
Иброз гардид, ки сиёсати давлатии ҷавонон ва варзиш зери роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди варзишҳои оммавӣ, хусусан футбол равона гардидааст.
Мусобиқа аз 10 то 14 декабр идома ёфта, дар он дастаҳои Душанбе-1, ВМКБ, Хатлон-1, ШНТҶ-1, Душанбе-2, Суғд, Хатлон-2 ва ШНТҶ-2 рақобат мекунанд.
Беҳтарин дастаҳо бо Ҷом, медал, Диплом ва мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида мешаванд.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад






