Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд маҳфили илмӣ-адабии «Шоҳномахонӣ» баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 13.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров нахустин маҳфили илмӣ-адабии «Шоҳномахонӣ» бо иштироки устодону донишҷӯён баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ.
Дар маҳфил оид ба ташаббусҳои маърифатпарваронаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ», ҳадя намудани китоби «Шоҳнома» ба ҳар хонадон ва тарҷумаи ин асар ба забонҳои гуногуни ҷаҳон изҳори назар карда шуд.
Ҳадафи асосии баргузории маҳфил тарғибу ташвиқи ҷавонон ба ҳифзу арҷгузорӣ ба мероси бузурги ниёгон, эҳёи суннатҳои неки гузаштагон, омода намудани донишҷӯён ба Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» ва таҳлилу баррасии достонҳои «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ мебошад.
АКС: Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров








ФУРӮҒИ «ШОҲНОМА» ДАР ҲАР ХОНАДОНИ ТОҶИК. Фирдавсӣ моро ба посдории арзишҳои миллӣ роҳнамоӣ менамояд
Туҳфаи Президенти Тоҷикистон — «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ба Зафаробод расид
Озмуни «Шоҳномахонӣ» рӯйдоди муҳими фарҳангию маърифатӣ аст
«ШОҲНОМАХОНӢ». Дар Суғд барои даври сеюми озмуни ҷумҳуриявӣ беш аз 400 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид
«ШОҲНОМАХОНӢ». Дар Хатлон барои ғолибони даври сеюми озмуни ҷумҳуриявӣ беш аз 200 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид
Сокинони ноҳияи Шаҳритус соҳиби туҳфаи Пешвои миллат- «Шоҳнома»-и безавол мегарданд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Сокинони ноҳияи Қубодиён соҳиби туҳфаи Пешвои миллат- «Шоҳнома»-и безавол мегарданд
Сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов соҳиби туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ мегарданд
Туҳфаи Президенти Тоҷикистон — «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ба ноҳияи Мастчоҳ расид
Дар Истаравшан тақдими «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ оғоз гардид
Сокинони шаҳри Бӯстон соҳиби туҳфаи арзандаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ мегарданд






