Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба шарҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 22.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» таҳти унвони «Паём-роҳнамои рушди устувори давлатдории миллӣ» ҳамоиш баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ хабар доданд.
Ректори Донишгоҳи техникӣ Қудрат Давлатзода таъкид намуд, ки Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 16 декабри соли равон аз паёмҳои солҳои қаблӣ фарқкунанда буда, дар он масъалаҳои мубрам баррасӣ гардиданд. Президенти Тоҷикистон бо таҳлили муфассали дастовардҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии солҳои охир, аз ҷумла рушди соҳаҳои саноат, энергетика, кишоварзӣ, инфрасохтор ва соҳибкорӣ нишон доданд, ки натиҷаҳои бадастомада маҳсули заҳмати содиқонаи мардум, сиёсати оқилона ва идоракунии самараноки давлатӣ буда, ин дастовардҳо заминаи боэътимод барои расидан ба ҳадафҳои бузурги минбаъда ба ҳисоб мераванд.
Яке аз дастовардҳои назаррас ва таърихӣ расидан ба истиқлоли комили энергетикӣ мебошад, ки дар раванди Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ин соҳаи мубрам ба таври васеъ матраҳ гардид.
«Сармоягузории бузург ба неругоҳҳои барқи обӣ, таҷдиди иқтидори мавҷуда ва бунёди неругоҳҳои офтобӣ нишон медиҳад, ки Тоҷикистон самти ба истиқлоли энергетикӣ бо қадамҳои устувор ҳаракат дорад. Неругоҳи барқи обии «Роғун» ҳамчун лоиҳаи миллии аср на танҳо манбаи неруи барқ, балки рамзи истиқлол ва ваҳдати миллӣ мебошад.
Ба кор даровардани агрегати сеюми он дар соли 2027 марҳилаи таърихии рушди энергетикии ҷумҳурӣ хоҳад буд»-, изҳор дошт ректори донишгоҳ.
Дар ҳамоиш ҳамчунин раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Муҷибахон Ҷавҳарӣ оид ба масъалаи баланд бардоштани мақоми зан – модар ва дар сиёсати Сарвари давлат дар мақоми аввал гузоштани соҳаи илму маориф сухан намуд.
АКС: Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ








МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд






