Дар Душанбе маҳфили эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло доир шуд
ДУШАНБЕ, 25.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе маҳфили эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, ходими адабии АМИТ «Ховар» Камол Насрулло доир гардид, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Зимни ифтитоҳи маҳфили эҷодӣ Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим иброз намуд, ки «Камол Насрулло на танҳо дар шеър, балки дар танқиду чеҳранигории адабӣ ва очерку публитсистика ҳам бо дастовардҳои назаррасаш шинохта шудааст. Камол Насрулло як инсони содиқ, хайрхоҳу некбин, ватандӯст, инсондӯст, пуртакопӯ ва хеле заҳматкаш мебошад. Ӯ ҳамчун зиёии ҳақиқӣ нисбат ба руйдодҳои ватан бетараф набуда, андешаҳои худро баён намуда, сокинон, алалхусус насли наврасу ҷавонро ба дӯст доштани Тоҷикистон, содиқона хизмат кардан ба Ватан ва арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ даъват менамояд».
Дар маҳфил ҳамчунин гуфта шуд, ки баргузории чунин маҳфилҳои адабӣ – эҷодӣ дар рушди маънавиёти мардум нақши муҳим дорад.
Иштирокчиёни маҳфил иброз доштанд, ки Камол Насрулло яке аз шоирони маъруфи муосир ва идомадиҳандаи муваффақи мактаби адабии шоирони барҷастаи адабиёти тоҷику форс, бахусус Абӯабдуллои Рӯдакӣ буда, дар ашъораш асосан муқаддасоту арзишҳои миллӣ, Ватан- Модар, забон, ваҳдату рафоқат, ҳамбастагиву ҳамзистӣ, муҳаббату садоқату ҷавонӣ ва ахлоқи ҳамидаи инсониро тарғибу тараннум кардааст.
«Камол Насрулло яке аз шоирони маъруфи даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст, ки ашъораш пур аз идеяҳои ватандӯстию худшиносӣ, худогоҳию доштани ҳувияти миллӣ, тараннумгари меҳри модар, хоҳар, муҳаббати пок ва мавзуоти гуногуни дархури давру замон аст. Ҳамин аст, ки ашъори шоир ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи аҳли адаб ва хонандагон қарор дорад», – баён гардид дар маҳфили эҷодии шоир.
Тазаккур дода шуд, ки осори Камол Насрулло ба забонҳои гуногун тарҷума шуда, дар муаррифии адабиёти тоҷик дар арсаи байналмилалӣ нақши муҳим дорад. Инчунин шоир дар тарҷумаи бадеӣ, махсусан осори адибони рус саҳми назаррас гузоштааст.
Нахустин чакидаҳои хомааш аз соли 1967 дар матбуоти даврӣ чоп шуда, дарак аз зуҳури ҷавоншоири умедбахш овардаанд. Баъдан ашъораш дар маҷмуаҳои «Навгонӣ» (1978), «Барги зуф» (1980), Нидои шаҳидон (1981), «Гузаргоҳи дил» (1983), «Номаи боли кабӯтар» (1988), «Нома ба Офтоб» (1988), «То даме, ки лонаҳо гарманд» (1993), «Тоҷикистонро дигар қисмат макун!» (1996), «Дар фурудгоҳи як таманно» (2003), «Фаросӯйи нигоҳ» (2007), «Рӯ ба меҳроби Ватан» (2010), «Зангӯлаи фарёд»(2011), «Ашки сапеда» (2011) «Поиск пути» (дар маҷмуаи «Молодые поэты Средней Азии». – Маскав, 1982), китоби алоҳидаи «За птицами вслед» (Маскав, 1987), маҷмуаҳои гуногуни ҷумҳуриявӣ ба табъ расидаанд.
Маҷмуаҳои дигари ашъори ӯ – «Дар суроғи чашмаи овоз» (2007) ва «Гулхани гул (2013) дар Ҷумҳурии Исломии Эрон интишор ёфта, мавриди писанди ҳамзабонони бурунмарзӣ қарор гирифтанд.
Шоир соли 1998 барои маҷмуаи ашъори «Тоҷикистонро дигар қисмат макун!» ба Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ сарфароз гардидааст.
Аз соли 1979 аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва аз соли 2003 Шоири халқии Тоҷикистон аст.
Инчунин аз соли 2015 ба сифати ходими адабӣ дар АМИТ «Ховар» фаъолият менамояд.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Қирғизистон иштирок дорад
Намоишномаи ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Узбекистон пешниҳод мегардад
«ДӮСТИИ АДАБӢ — ДӮСТИИ АБАДӢ». Бо иштироки аҳли фарҳангу санъати Тоҷикистону Узбекистон ҳамоиш доир шуд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон аз як қатор ҷойҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон боздид намуд
Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон доир мешавад
Хабарнигорони Қирғизистон дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху фарҳанги Тоҷикистон шинос гардиданд






