Дар Душанбе татбиқи лоиҳаҳои муҳими стратегӣ дар соҳаи нақлиёт байни Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид

Декабрь 27, 2025 14:00

ДУШАНБЕ, 27.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Рушди ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт ва татбиқи лоиҳаҳои муҳими стратегӣ байни Тоҷикистон ва Чин дар меҳвари мулоқоти Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим бо мушовири масоили тиҷоративу иқтисодии Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сун Хэ қарор гирифт, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Тоҷикистон.

Азим Иброҳим ба ҷониби Чин барои татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаи роҳу нақлиёт ва рушди инфрасохтори нақлиётии кишвар изҳори сипос намуда, гуфт, ки Чин яке аз шарикони муҳими Тоҷикистон дар ин самт мебошад.

Мушовири Сафорати Чин Сун Хэ иттилоъ дод, ки лоиҳаҳои сохтмони роҳи мошингарди «Мурғоб – Кулма», бунёди роҳҳои дуқабата -эстакада дар буриши кӯчаҳои «Абай – А.Қаҳҳоров», буриши кӯчаҳои «А. Ҷомӣ – А. Қаҳҳоров», буриши кӯчаҳои «Ҷанубӣ – А. Қаҳҳоров» ва сохтмони пул дар болои дарёи Душанбе дар буриши кӯчаҳои «Ҷанубӣ – А. Қаҳҳоров» дар шаҳри Душанбе аз марҳилаи мувофиқаи дохилисоҳавӣ дар Чин гузаштаанд.

Айни замон ҳамкории байни мутахассисони ҳарду ҷониб оид ба таҳия ва пешниҳоди маълумоти техникӣ ва дигар маводи зарурии соҳавӣ идома доранд. Интизор меравад, ки дар аввали соли 2026 ҳайати мутахассисони чинӣ барои амалҳои минбаъдаи марбут ба ин лоиҳаҳо ба Тоҷикистон ташриф оранд.

Иттилоъ дода шуд, ки Вазорати нақлиёт ва КВД «Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии иншооти нақлиётӣ»-и вазорат омодаанд, ки маълумоти техникӣ ва дигар маводҳои соҳавии барои татбиқи лоиҳаҳо зарурро таҳия ва пешниҳод намоянд.

Ҳамчунин дар ҷараёни мулоқот масъалаи татбиқи лоиҳаи таҷдиди гузаргоҳи назоратии «Кулма» баррасӣ шуд. Таъкид гардид, ки лоиҳаи мазкур ҳоло дар баррасии вазорату идораҳои дахлдори Тоҷикистон қарор дорад ва дар ояндаи наздик назари ҷониби Тоҷикистон оид ба татбиқи он ба ҷониби Чин пешниҳод карда мешавад.

АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 27, 2025 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд