Дар Москва Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олиро тамошо намуданд

Декабрь 16, 2025 17:30

ДУШАНБЕ, 16.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 16 декабр дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Маҷлиси Олиро тамошо намуданд.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» аз Федератсияи Русия хабар медиҳад, дар ҷамъомад кормандони сафорат, роҳбарони намояндагиҳои вазорату идораҳои мамлакат дар Федератсияи Русия ва аъзои Шурои ҷамъиятии назди сафорат иштирок доштанд.

Пас аз анҷоми тамошо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода таъкид намуд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ санади муҳими стратегии давлат мебошад. Дар он ҷамъбасти натиҷаҳои рушди мамлакат дар соли сипаригашта арзёбӣ гардида, самтҳои авлавиятноки рушди давлат дар соли оянда ва баъдӣ тарҳрезӣ карда мешаванд.

Ҳамчунин дар Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург бо иштироки Консули генералӣ, кормандони Консулгарӣ ва роҳбарони диаспораҳою фаъолони ҷамъиятӣ ба таври дастҷамъона Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ тамошо карда шуд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия

Декабрь 16, 2025 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд