Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ошкор гардид

Декабрь 22, 2025 14:00

ДУШАНБЕ, 22.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Раёсати Агентии назорати давлатии энергетикӣ дар минтақаи Суғд зимни санҷиш аз ҷониби шаҳрвандон  ғайриқонунӣ истифода бурдани неруи барқро ошкор намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар ҷараёни санҷиши кормандони Раёсати Агентии назорати давлатии энергетикӣ дар минтақаи Суғд муайян карда шуд, ки аз зеристгоҳи «Ғафуров» 110/10 кВ аз хати озоди ҳавоӣ, ки барои таъмини беморхонаи минтақавии №1 ва беморхонаи сироятӣ, воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Хестеварз пешбинӣ гардидааст, чандин марказ ва нуқтаҳои дигари хизматрасонӣ ба таври ғайриқонунӣ истифода мебурдаанд. Ин ҳолат боиси халалдор гардидани таъминоти доимии неруи барқ ба муассисаҳои тиббӣ гардида, пайвастшавии зиёди муштариён сабаби паст шудани шиддати барқ гардидааст.

Инчунин аз истгоҳи трансформатории чоҳи амудии №50, воқеъ дар деҳоти Хестеварз, 15 ҳисобкунаки барқии дар шити нигоҳдорӣ насбшуда ва инчунин 3 ҳисобкунаки барқӣ (яке ба толори аксбардорӣ ва ду адад ба манзилҳои истиқоматии аҳолӣ) бе иҷозат, бе тамға ва бе санади қабул аз ҷониби кормандони Шабакаҳои барқии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, минтақаи 3 пайваст карда шудааст.

Бо дастури кормандони Раёсати Агентӣ хати таъминоти неруи барқи муассисаҳои тиббӣ ба таври алоҳида ҷудо карда шуд. Дар робита ба камбудиҳои ошкоргардида, аз ҷумла пайвасткунии худсарона ва бе иҷозати 3 муштарии нав ба шабакаи барқ, инчунин хунукназарӣ дар иҷрои уҳдадориҳои хизматӣ нисбат ба ду корманди Шабакаҳои барқи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, минтақаи 3 санадҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуданд.

Дар асоси тағйиру иловаҳои нав дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои вайрон кардани қоида ва меъёрҳои истифодаи қувваи барқ ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ гардидааст. Аз ҷумла, дахолат намудан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ ва тағйир додани нишондоди он бо мақсади насупоридани маблағи истифодаи барқ, инчунин истифодаи барқ бе пайвасткунӣ ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ, агар чунин кирдор давоми як соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ содир шуда бошад, ҷавобгарӣ пешбинӣ карда шуда, барои он ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи аз 365 нишондиҳанда (27 ҳазору 375 сомонӣ)   то 547 нишондиҳанда (41 ҳазору 025 сомонӣ) барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то 3 сол таъйин карда мешавад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 22, 2025 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад