Дар ноҳияи Мастчоҳ Маркази фарҳангӣ ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 22.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд Маркази фарҳангӣ ифтитоҳ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Марказ аз ду 2 ошёна иборат буда, дар он толори консертӣ барои 200 ҷойи нишаст, синфхонаҳо барои омӯзиши созҳои миллӣ, ансамблҳои шашмақом, фалак ва фолклорӣ-этнографӣ, рақс, санъати тасвирӣ, ҳунарҳои дастӣ ва дӯзандагӣ ҷойгир мебошанд.
Зимни ифтитоҳи марказ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён иброз намуд, ки ин иншооти фарҳангӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода шуд.
«Ин иқдом натиҷаи неки раванди ободкорию созандагӣ, далели рушди деҳоти мамлакат ва иҷрои дастуру ҳидоятҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди соҳаи фарҳанг арзёбӣ мегардад»,- иброз дошт Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Иттилоъ дода шуд, ки сохтмони иншоот бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои 200 ҷой соли 2017 оғоз гардид. Маркази фарҳангӣ аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағи 8 миллиону 302 ҳазор сомонӣ сохта шуд.
Ҳадафи бунёди ин иншооти фарҳангӣ ғанӣ гардонидани фазои фарҳангӣ дар байни ҷомеа, тарбияи зебоипарастии наврасону ҷавонон, кашфи истеъдодҳои нав ва баргузории дигар чорабиниҳои оммавии фарҳангӣ мебошад.
Иброз гардид, ки масъалаҳои омӯзиш ва татбиқи фарҳанги миллӣ дар меҳвари асосии сиёсати фарҳангии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Пешвои миллат махсусан таъкид менамоянд, ки «ҳифз кардани арзишҳои фарҳангӣ, мутобиқи давру замон инкишоф додан ва бегазанд ба фардоиён расонидани онҳо вазифаи муқаддаси ватандӯстонаи ҳар кадоми мову шумост. Мо бояд ҳисси ифтихори миллӣ, масъулияти ҳифзи мероси фарҳангӣ ва осори таърихиамонро дошта бошем».
Дар ноҳияи Мастчоҳ имрӯз анъанаҳои эҷодиёти бадеии халқ, аз қабили санъати дубайтӣ ва рубоихонӣ, рақси қадимаи «Остин» ва яке аз рукнҳои фарҳанги этнографӣ-фолклорӣ – «санъати нақшхонӣ» эҳё, ҳифз ва рушд меёбанд.
АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон








Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Қирғизистон иштирок дорад
Намоишномаи ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Узбекистон пешниҳод мегардад
«ДӮСТИИ АДАБӢ — ДӮСТИИ АБАДӢ». Бо иштироки аҳли фарҳангу санъати Тоҷикистону Узбекистон ҳамоиш доир шуд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон аз як қатор ҷойҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон боздид намуд
Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон доир мешавад
Хабарнигорони Қирғизистон дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху фарҳанги Тоҷикистон шинос гардиданд






