Дар Ню-Йорк вохӯрии Гурӯҳи дӯстони об баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 13.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 11 декабр бо ташаббуси намояндагиҳои доимии Тоҷикистон ва Швейтсария дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид вохӯрии навбатии Гурӯҳи дӯстони об баргузор шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар ин чорабинӣ намояндагони доимӣ ва коршиносони соҳаи об ҷамъ омада, таҳаввулоти калидии марбут ба обро дар соли 2025 ва афзалиятҳои муштаракро барои соли 2026 баррасӣ карданд.
Намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Ҷонибек Ҳикмат уҳдадории қавии кишварро ба амалҳои дастаҷамъона дар соҳаи мудирияти захираҳои об тасдиқ карда, мушкилоти марбут ба обшавии босуръати пиряхҳо, афзоиши камбуди об ва норасоии молиявии афзояндаро ёдрас шуд.
Ҳамчунин аҳаммияти чорабиниҳои асосии соли 2026 баргузоршаванда, аз ҷумла Конфронс дар Дакар дар моҳи январ, таҷлили Рӯзи ҷаҳонии об дар Ню-Йорк, 4-умин Конфронси оби Душанбе дар моҳи май, ҳамчун чорабинии муқаддамотии Конфронси оби СММ-2026 таъкид гардид. Илова бар ин, оид ба мизбонии Конфронси оби СММ-2028 дар Тоҷикистон ишора шуда, иброз гардид, ки ҳамаи ин чорабиниҳо имконияти муҳимро барои тақвияти ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи захираҳои об фароҳам меоранд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Сафири Тоҷикистон ба сардори ташрифоти Вазорати федералии корҳои аврупоии Австрия нусхаҳои эътимодномаҳояшро супорид
Сафири Тоҷикистон дар Амрико нусхаҳои эътимодномаҳои худро ба Котиботи давлатии ИМА супорид
Ассамблеяи СММ оид ба муҳити зист қатъномаи Тоҷикистонро оид ба ҳифзи пиряхҳо ва криосфера қабул намуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Непал эътимоднома супорид
Сафири Тоҷикистон дар Форум оид ба иқтидори ашёи хоми минералӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинии канорӣ оид ба натиҷаҳои Вохӯрии 7-уми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Маҷмаи Умумии СММ қатъномаи Тоҷикистонро дар бораи «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ, 2027» қабул намуд
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Москва дар Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи илм ва технология иштирок намуд
Намояндаи доимии Тоҷикистон дар назди Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ расман ба кор оғоз намуд
Дар Париж доир ба татбиқи қатъномаи «Даҳсолаи амал оид ба илмҳои криосферӣ, 2025-2034» ҷаласа баргузор гардид
Машваратҳои консулӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Эрон баргузор шуданд
«ФАРҲАНГИ СУМАНАКПАЗӢ». Номинатсияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид гардид






