Дар робита ба Паёми Президенти Тоҷикистон дар Академияи миллии илмҳо ҳамоиши илмӣ баргузор шуд

Декабрь 16, 2025 19:30

ДУШАНБЕ, 16.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар робита ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ҳамоиши илмӣ баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз академия.

Президенти Академияи миллии илмҳо Қобилҷон Хушвахтзода иброз дошт, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун санади муҳими стратегӣ самтҳои афзалиятноки рушди иҷтимоию иқтисодӣ, илму маориф, амнияту суботи сиёсӣ ва сиёсати хориҷии ҷумҳуриро муайян намуда, барои фаъолияти минбаъдаи ниҳодҳои илмӣ роҳнамо ва барномаи амалӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин санади муҳим ба масъалаҳои рушди илм, татбиқи инноватсия, тақвияти иқтидори кадрӣ ва истифодаи самараноки дастовардҳои илмӣ дар иқтисоди миллӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шуд.

Таъкид гардид, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсиси ду маркази бузург — Маркази тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯзро пешниҳод намуда, барои омода намудани консепсияи ин ду маркази муҳим ба масъулин ва олимону муҳаққиқони Академияи миллии илмҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Таъкид гардид, ки масъалаи ҳифзи пиряхҳо дар замони муосир ҳамчун яке аз самтҳои муҳими сиёсати экологӣ ва рушди устувор аҳамияти хосса дошта, бо назардошти тағйирёбии иқлим, коҳиши захираҳои обӣ ва таъсири он ба амнияти иҷтимоию иқтисодӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ ва чораҳои таъхирнопазир талаб менамояд. Аҳамият ва зарурати ин масъаларо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаҷониба дарк намуда, пешниҳод намуданд, ки Муассисаи давлатии илмию таҳқиқотии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳо» ба Муассисаи давлатии илмию таҳқиқотии «Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи Академияи миллии илмҳо» табдил дода шавад.

Гуфта шуд, ки 12 декабри соли равон ташаббуси навбатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи пиряхҳо ва криосфера аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ ҷонибдорӣ ёфта, дар доираи ниҳодҳои дахлдори Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун иқдоми муҳим ва саривақтӣ барои ҳалли мушкилоти глобалии тағйирёбии иқлим ва таъмини амнияти обӣ пазируфта шуд.

Маҳз ин ташаббус мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун давлати пешсаф дар пешбурди рӯзномаи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва криосфера боз ҳам таҳким бахшида, саҳми назарраси ҷумҳуриро дар ҳамоҳангсозии талошҳои ҷаҳонӣ барои коҳиши пайомадҳои тағйирёбии иқлим, ҳифзи захираҳои обӣ ва таъмини рушди устувор собит менамояд.

Дар маҷмуъ Паёми Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ роҳнамо ва дастури муҳими рушди мамлакат буда, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, афзалияти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро муайян менамояд ва барои таъмини ояндаи устувор ва дурахшони Тоҷикистон роҳ нишон медиҳад.

Дар идомаи ҳамоиш олимону муҳаққиқон маърузаҳо намуда, нуктаҳои калидии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олиро таҳлил карданд. Аз ҷумла, масъалаҳои рушди иқтисоди «сабз», ҳифзи муҳити зист, амнияти об, рақамикунонии соҳаҳо, тақвияти ҳамкории байналмилалии илмӣ ва нақши илм дар таъмини рушди устувори ҷумҳурӣ мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифтанд.

Иштирокчиён таъкид намуданд, ки ҷомеаи илмӣ бояд дар татбиқи ҳадафҳои стратегие, ки дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ муайян гардидаанд, саҳми фаъол гузорад.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Декабрь 16, 2025 19:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Бӯстон оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
«САҲМИ ЗАНОН ДАР РУШДИ ИЛМ». Дар Душанбе конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Раванди оби Душанбе – арсаи муҳим дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об
33-СОЛАГИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ТОҶИКИСТОН. Ин ниҳоди муқтадир ба такягоҳи боэътимоди сулҳу субот ва амнияти давлат табдил ёфтааст
Дар ноҳияи Восеъ оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Ба сокинони Ҷамоати деҳоти Нусратулло Махсуми ноҳияи Рашт Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ дода шуд
Барои ҷалби ҷавонону наврасон ба илмҳои дақиқ тадбирҳои муҳим амалӣ карда мешаванд
МАОРИФ — ОМИЛИ КАЛИДИИ РУШДИ УСТУВОРИ ҶОМЕА. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Раҳмон Исломиддин: «Таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ омили асосии пойдории давлат ва рушди ҷомеа мебошад»
Доир ба нақши илм дар рушди маънавии занон конференсия баргузор гардид
Дар Душанбе оид ба омӯзиши криосфера ва ҳифзи пиряхҳо ҳамоиш доир гардид