Дар Сеул либосҳои тоҷикӣ муаррифӣ карда шуданд
ДУШАНБЕ, 19.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Либосҳои тоҷикӣ дар чорабинии фарҳангӣ, намоиши либосҳои миллӣ, ки бо ибтикори Ҳукумати шаҳри Сеул ва маҷаллаҳои Корея Ҳералд ва Йеданг Медиа баргузор гардид, муаррифӣ шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея хабар доданд.
Дар чорабинии мазкур кормандони Сафорат ва донишҷӯёни тоҷик либосҳои миллиро муаррифӣ намуданд.
Таъкид шуд, ки чакан гулдӯзии оддӣ набуда, пайдоиши он ба ҳазораи дуюми пеш аз милод рост меояд. Оид ба кашидадӯзӣ дар китобҳои «Авасто», «Шоҳнома» ва осори бисёр адибони гузашта маълумот дарҷ гардидааст. Ҳар нақшу нигори волои чакан ба худ маъние дошта, соли 2018 дар ҷаласаи 13-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО номинатсияи «Чакан, ҳунари гулдӯзӣ» расман ба мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардид.
Сафорат пайваста бо мақсади ташвиқу тарғиби анъанаҳои неки ниёгон, бахусус эҳёи ҳунари гулдӯзии тоҷикон ва муаррифии таъриху фарҳанги ғаниамон дар кишвари иқомат дар фестивалу чорабиниҳои фарҳангӣ иштирок менамояд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея








Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд






