Дар Шаҳринав дар мавзуи ваҳдату ҳамгироӣ ва дӯстии халқу миллатҳо вохӯрӣ доир шуд

Декабрь 9, 2025 17:20

ДУШАНБЕ, 09.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 8 декабр бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон  дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21 дар мавзуи «Ваҳдату ҳамгироӣ ва дӯстии халқу миллатҳо – асоси пешрафту шукуфоӣ» бо сокинони Ҷамоати шаҳраки ба номи Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Шаҳринав  мулоқот  баргузор гардид.

Дар  вохӯрӣ Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам, Раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам  Абдуқодирзода, аъзои Шурои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон  Шерхон Салимзода ва Раиси ноҳияи Шаҳринав  Абдуқодир Вализода иштирок намуданд.

Рудобаи Мукаррам иброз дошт, ки ваҳдати миллӣ асоси субот, нерӯи муттаҳидсозандаи ҷомеа ва кафолати ояндаи дурахшони миллат аст.

Мавсуф аз таърихи пуршарафу  пурифтихори тоҷикон ёдовар шуда, таъкид намуд, ки миллати тоҷик дар лаҳзаҳои душвори таърихӣ ҳамеша бо такя ба ҳамбастагӣ аз озмоишҳо гузаштааст. Имрӯз низ, дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир, гиромидошти ваҳдат ва ҳифзи субот вазифаи муқаддаси миллат боқӣ мемонад.

«Посдорӣ аз забон, фарҳанг, урфу одатҳои миллӣ ва таърихи бостон худ қисми муҳими ҳифзи ваҳдати миллӣ аст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ҳамчун мунодии сулҳу субот ва пешвои тамоми тоҷикони ҷаҳон эътироф гардидаанд. Маҳз сиёсати созанда, хирадмандона ва ваҳдатофарини Пешвои миллат пояҳои давлатдории навини тоҷиконро устувор намуда, сулҳу оромӣ ва суботи пойдорро таъмин намудааст»,-афзуд Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон .

Дар ҳамоиш таъкид гардид, ки  ҳифзи дастовардҳои арзандаи сулҳу ваҳдати миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванди мамлакат аст, зеро маҳз ваҳдати миллӣ аз муҳити ҳар як хонадон, аз муносибати солими инсон бо инсон ва аз эҳтироми арзишҳои миллӣ оғоз меёбад.

Дар идомаи вохӯрӣ иштирокдорон  оид ба нақши арзишҳои маънавию ахлоқӣ дар таҳкими ваҳдати ҷомеа, сабақҳои таърихӣ, зарурати ҳифзи сулҳу субот ва масъулияти шаҳрвандӣ дар ҳимояи дастовардҳои миллӣ сухан намуданд.

Аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ба китобхонаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21 – и Ҷамоати шаҳраки ба номи Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Шаҳринав ҷилдҳои китоби «Ваҳдат, Давлат, Президент» туҳфа карда шуд.

 

АКС: Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон

Декабрь 9, 2025 17:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»