Дар шоҳроҳи Ёвон-Душанбе маъракаи ниҳолшинонӣ оғоз ёфт
ДУШАНБЕ, 12.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба сабзкорӣ дар шоҳроҳи Ёвон-Душанбе, дар ҳудуди деҳоти Даҳана маъракаи ниҳолшинонӣ оғоз ёфт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон хабар доданд.
Мақсад аз ташкили маъракаи ниҳолшинонӣ- зиёд намудани майдони сабзкорӣ, беҳтар гардондани муҳити зист, зебосозии кӯчаю маҳаллаҳо ва саҳмгузорӣ дар татбиқи сиёсати экологии давлат мебошад.
Раиси ноҳияи Ёвон Икромиддин Вализода зимни оғози ниҳолшинонӣ иброз намуд, ки дар асоси супоришҳои Пешвои миллат бояд ҳар сокини ноҳия дар ободонию сабзкорӣ саҳми намоён гузорад. Мавсуф изҳор дошт, ки ниҳолшинонӣ барои беҳтар гардонидани вазъи экологӣ, пешгирии эрозияи замин ва зебо намудани ноҳия яке аз самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб меравад.
Дар ин рӯз беш аз 1500 навъи гуногуни дарахтони сояафкану ороишӣ шинонида шуд. Раиси ноҳия барои дуруст нигоҳубин ва таъмин намудани дараҷаи баланди сабзиши онҳо ба масъулон супоришҳои мушаххас дод.
Ҳама иштирокчиён даъват карда шуданд, ки барои ҳифзу нигоҳубини ниҳолҳои шинонида масъулияти ҷиддӣ зоҳир намоянд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон








Дар болои Сирдарё пули нави иловагии мошингард сохта мешавад
Сокинони деҳаи Сангпари шаҳри Кӯлоб бо оби нӯшокии босифат таъмин гаштанд
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд






