Дар Тоҷикистон ҳавои моҳи якуми зимистон 1-2 дараҷа гарм пешгӯӣ карда мешавад
ДУШАНБЕ, 09.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҳавои моҳи якуми зимистони соли равон аз ҳавои моҳи декабри соли 2024 дар ҳадди меъёри иқлимӣ 1-2 дараҷа гармтар дар назар дошта шудааст. Моҳи декабри соли 2024 дар қисми зиёди ҷумҳурӣ ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво аз меъёри иқлимӣ аз 1 то 3 дараҷа хунук буд.
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, моҳи декабри соли 2025 ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар водиҳо ва доманакӯҳҳои ҷумҳурӣ дар ҳадди меъёри иқлимӣ (меъёр аз 1 дараҷа хунук то 5 дараҷа гарм), дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ ва баландкӯҳ аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа паст (меъёр дар минтақаҳои кӯҳӣ 1-7 дараҷа хунук, дар баландкӯҳҳо 14-16 дараҷа хунук) пешгӯӣ шудааст. Ҳаво дар водиҳои вилоятҳои Хатлон, Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз 1 дараҷа хунук то 5 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ 2-8 дараҷа хунук ва дар ноҳияҳои баландкӯҳ 15-17 дараҷа хунукиро ташкил медиҳад.
Бориши атмосферӣ дар водиҳо ва баландкӯҳҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз меъёри муқаррарӣ кам (меъёр дар водиҳои ҷумҳурӣ 18-67 миллиметр, баландкӯҳҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 3-10 миллиметр), дар минтақаҳои кӯҳӣ дар ҳадди меъёр (меъёр дар минтақаҳои кӯҳӣ 37-90 миллиметр, нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор 134-142 миллиметр) пешгӯӣ карда мешавад. Моҳи декабри соли 2024 дар қисми зиёди минтақаҳои ҷумҳурӣ бориш аз меъёри иқлимӣ кам мушоҳида гардида буд.
Миқдори бориши атмосферӣ имсол дар водиҳо ва баландкӯҳҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба соли 2024 монанд аст, танҳо дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ ба меъёр наздик ё зиёдтар пешгӯӣ карда мешавад.
Давоми моҳи декабр ҳаво якбора соф гардида, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Аз эҳтимол дур нест, ки шамол аз самти ғарб бо шиддати то 17-22 метр дар як сония вазад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад






