Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон оид ба тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ ҷаласа доир шуд

Декабрь 19, 2025 10:04

ДУШАНБЕ, 19.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 18 декабр дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Ситоди байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии амалишавии сиёсати макроиқтисодӣ ва пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ дар мавзуи «Такмили низоми амалкунандаи тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ» доир шуд.

Тавре аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҷаласа бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти коҳиш додани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ баргузор гардид.

Зимни ҷаласа иброз шуд, ки рушди устувори иҷтимоию иқтисодии мамлакат дар шароити ҷаҳони муосир бе доштани кадрҳои соҳибихтисоси сатҳи баланд имконнопазир аст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми тайёр кардани кадрҳои илмӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ маҳсуб ёфта, таваҷҷуҳи махсуси роҳбарияти мамлакат ба ин соҳа равона карда шудааст. Бо вуҷуди пешравиҳои солҳои охир, ниёз ба такмили минбаъдаи ин низом бо назардошти тағйироти ҷаҳонӣ ва талаботи бозори меҳнат рӯз аз рӯз бештар эҳсос мегардад.

Бояд гуфт, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030» қабул гардид. Он барои баланд бардоштани қобилияти зеҳниву таҳлилии насли нави илмӣ, тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ ва ба талаботи бозори хизматрасониҳои илмиву таҳсилӣ мутобиқ намудани онҳо равона гардидааст.

Барнома дар асоси принсипҳо ва талаботе, ки дар «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» доир ба дурнамои рушди дарозмуҳлати низоми илму маорифи ҷумҳурӣ мустаҳкам шудааст, таҳия гардидааст.

Дар охири ҷаласа аз натиҷаи масъалаҳои баррасигардида, қарорҳои дахлдор қабул гардид, ки барои дастури минбаъда ба вазорату идораҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол мегардад.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 19, 2025 10:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд