Дастаи Тоҷикистон дар Олимпиадаи авруосиёӣ аз фанни технологияи иттилоотӣ соҳиби ҷойи сеюм гардид

Декабрь 17, 2025 14:37

ДУШАНБЕ, 17.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 15-16 декабр дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон Олимпиадаи XVII авруосиёӣ  аз фанни технологияи иттилоотӣ баргузор гардид. Дар он аъзои дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон- хонандагони Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе иштирок намуда, соҳиби ҷойи сеюм гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин муассиса хабар доданд.

Дар ин сабқати илмию зеҳнӣ 3 хонандаи литсей, аз ҷумла  Муҳаммад Насруллоев, Саъдӣ Ғафуров ва Муҳаммадсамир Убайдов ба гирифтани мақоми сеюм ва медалҳои биринҷӣ ноил гардиданд.

Дар олимпиада 250 даста бо фарогирии 750 хонанда аз Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Федератсияи Русия иштирок намуд.

Ёдовар мешавем, ки дастоварди навбатии хонандагони муассиса дар Олимпиадаи авруосиёӣ  аз фанни технологияи иттилоотӣ нишони таваҷҷуҳи пайваста, фароҳам овардани имконияти моддию-техникӣ ва дастгирии хонандагони боистеъдоду болаёқат аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон мебошад.

АКС: Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе

Декабрь 17, 2025 14:37

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд