Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бо «Россотрудничество» ҳамкориро густариш медиҳад
ДУШАНБЕ, 12.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бо намояндагии «Россотрудничество» дар Тоҷикистон ҳамкориро густариш медиҳад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин донишкада хабар доданд, 10 декабр вохӯрии ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Сироҷиддин Ҷурахонзода бо роҳбари намояндагии «Россотрудничество» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Андрей Патрушев баргузор гардид.
Дар мулоқот ҷонибҳо якчанд пешниҳод, аз ҷумла таҳияи барномаҳои муштараки таълимӣ, баргузории машғулияти такмили ихтисос бо иштироки омӯзгорони Русия, ташкил намудани тренингҳо оид ба технологияҳои муосири дизайн, санъати тасвирӣ ва моделсозии 3D, ҷалби мутахассисон барои гузаронидани дарсҳои маҳорат дар донишкадаро матраҳ намуданд.
Инчунин ҳамсуҳбатон масъалаҳои ташкили намоишгоҳҳои эҷодии рассомон ва донишҷӯён дар намоишгоҳҳои донишкада ва «Россотрудничество», ҷудо намудани квотаю бурсияҳои таълимӣ барои донишҷӯёни донишкада, баргузории форуму намоишгоҳҳои эҷодӣ бо иштироки донишҷӯёни ду давлатро баррасӣ намуданд.
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ҳамчун маркази тайёр кардани мутахассисони эҷодӣ ба рушди робитаҳои фарҳангӣ ва таълимӣ бо шарикони хориҷӣ таваҷҷуҳи беандоза дорад.
Андрей Патрушев омодагиашонро барои ташкили барномаҳои таълимӣ, фарҳангӣ ва чорабиниҳои байналмилалӣ баён намуд.
Меҳмонон бо имконияти устохонаҳои эҷодӣ, галереяи донишкада, синфхонаҳои тахассусии рассомӣ, дизайн, графика ва раванди таълим шинос шуда, ба сатҳу сифати таълим, истеъдоди донишҷӯён ва имконияти эҷодии донишкада баҳои баланд доданд.
АКС: Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон








Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд
Дар даври дуюми Бозиҳои Делфии Созмони ҳамкории Шанхай намояндагони Тоҷикистон соҳиби 6 медал гардиданд
Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Қирғизистон иштирок дорад






