Форум оид ба натиҷаҳо ва устувории «Барномаи рушди тандурустӣ барои солҳои 2021-2025» доир карда шуд

Декабрь 10, 2025 10:08

ДУШАНБЕ, 10.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 9 декабр дар шаҳри Душанбе Форум оид ба натиҷаҳо ва устувории «Барномаи рушди тандурустӣ барои солҳои 2021-2025» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ин барнома дар татбиқи самараноки ҳадафҳои «Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» саҳм мегузорад. Он ба тақвияти кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, ки барои хизматрасониҳои дастрас, босифат ва самаранок зинаи асосӣ ба шумор меравад, мусоидат менамояд.

Барнома ба воситаи се қисмати пайваста вазифаҳои асосии низоми тандурустӣ, аз ҷумла идоракунӣ ва маблағгузории соҳа, хизматрасониҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва таъмини амнияти бехатарии муассисаҳоро тақвият додааст.

Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи ин ҳамкорӣ инфрасохтори чандин муассисаҳо куллан тағйир дода шуда, бо таҷҳизоти замонавӣ ҷиҳозонида шуданд. Барои баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи касбӣ инчунин ҳазорҳо нафар мутахассисон дар масъалаҳои пешгирии сироят ва бемориҳои ғайрисироятӣ омӯзонида шуданд.

Аз ҷониби масъулини форум ба ҳозирин доир ба татбиқи «Барномаи рушди тандурустӣ барои солҳои 2021-2025» маълумот пешниҳод карда шуд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 10, 2025 10:08

Хабарҳои дигари ин бахш

ҒИЗОИ СОЛИМ. Пӯдина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруф аст
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд