Густариши ҳамкорӣ байни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Ҳериот-Ватти Шотландия баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 13.12.2025. /АМИТ «Ховар»/. Густариши ҳамкории дуҷониба байни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Ҳериот-Ватти Шотландия зимни мулоқоти маҷозии муовини ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Фирӯз Ғаффоров ва профессори Донишгоҳи Ҳериот-Ватт Беата Кристал баррасӣ гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Донишгоҳи технологӣ хабар доданд, дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои муҳим, аз ҷумла омодасозии мутахассисони самтҳои техникию технологӣ, робототехника, зеҳни сунъӣ, густариши мубодилаи академии устодону донишҷӯён, ба роҳ мондани лоиҳаҳои муштарак ва таҳқиқоти илмиро мавриди муҳокима қарор доданд.
Ҷонибҳо барои таҳкими робитаҳои илмӣ-таҳсилотӣ, рушди ташаббусҳои навоварона ва мусоидат ба таҳсили донишҷӯён дар Донишгоҳи Ҳериот-Ватт изҳори омодагӣ намуданд.
Ин ҳамкорӣ метавонад барои баланд бардоштани сатҳи касбии донишҷӯён ва ҳамоҳанг сохтани раванди таълим ба талаботи ҷаҳони муосир мусоидат кунад.
АКС: Донишгоҳи технологии Тоҷикистон









Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад






