«Харитаи хатсайри Шӯриши Восеъ» таҳия мегардад

Декабрь 11, 2025 14:05

ДУШАНБЕ, 11.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафари корӣ ба ноҳияҳои Ховалинг ва Балҷувони вилояти Хатлон барои  таҳияи «Харитаи хатсайри Шӯриши Восеъ» гурӯҳи корӣ ташкил карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Гурӯҳи корӣ аз ҳисоби кормандони Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ бо ҷалби олимони соҳавӣ ташкил гардидааст, ки корро дар ин самт ба роҳ мемонанд.

Омоданамоии «Харитаи хатсайри Шӯриши Восеъ» ба шиносоӣ бо ҳаёт ва зиндагии мардуми ноҳияҳои Ховалингу Балҷувон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва эҳтиром ба миллат ва фарҳангу тамаддуни он, шиносоӣ бо дастовардҳои замони истиқлолият дар ин ноҳияҳо, инчунин боз ҳам устувор гардидани ваҳдати миллӣ, ҷалби бештари сайёҳони дохилию хориҷӣ ба диёри зебоманзари Ховалингу Балҷувон мусоидат менамояд.

Харита аз оғоз то анҷоми шӯришро фаро гирифта, доир ба деҳаҳою мавзеъҳои таърихӣ маълумоти мушаххас медиҳад.

АКС: Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 11, 2025 14:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Қирғизистон иштирок дорад
Намоишномаи ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Узбекистон пешниҳод мегардад
«ДӮСТИИ АДАБӢ — ДӮСТИИ АБАДӢ». Бо иштироки аҳли фарҳангу санъати Тоҷикистону Узбекистон ҳамоиш доир шуд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон аз як қатор ҷойҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон боздид намуд
Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон доир мешавад