«ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Ғолибони озмун аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бо мукофотҳо қадрдонӣ карда шуданд
ДУШАНБЕ, 02.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ба 10 нафар омӯзгору донишҷӯи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ, ки дар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» ғолиб омаданд, аз ҷониби раёсати донишгоҳ туҳфаҳои пулӣ тақдим гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Донишгоҳи техникӣ хабар доданд, ба ғолибони ҷойҳои якум 5000, дуюм 4000 ва сеюм 3000 сомонӣ супорида шуд. Инчунин ба роҳбарони илмии ғолибон 3000 сомонӣ тақдим гардид.
Ёдовар мешавем, ки дар озмун устодону донишҷӯён дар номинатсияҳои зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ, физика ва астрономия, математика, ихтироъкорӣ ва навоварӣ иштирок намуданд.
Ба иттилои масъулин, дастовардҳои имсолаи донишгоҳ нисбат ба солҳои пешин чанд маротиба зиёд аст.
АКС: Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ








Байни Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ва Донишкадаи соҳибкорӣ ва педагогии Деҳнави Узбекистон санади ҳамкорӣ ба имзо расид
ТАЪТИЛИ БАҲОРӢ. Хонандагони муассисаҳои таълимии Тоҷикистон чанд рӯз истироҳат мекунанд?
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи маориф ва илм баррасӣ гардид
Ректорони муассисаҳои таҳсилотии Узбекистон бо зарфияти таълимӣ ва илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуданд
Форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд
Имрӯз Форуми сеюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор мегардад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» то 19 март идома меёбад
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» оғоз гардид
Қабули ҳуҷҷатсупории довталабон барои иштирок дар бурсияи Ҳукумати Ҷумҳурии Индонезия оғоз шуд
Ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон бо рафти таҳсилоти олӣ дар вилояти Панҷоби Ҳиндустон шинос гардид
Арзиши хизматрасонӣ дар ИМД-2026 чӣ қадар аст ва барои киҳо имтиёз муқаррар карда шудааст?
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба саҳми матбуот дар рушди давлатдории миллӣ ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ доир шуд






