INTERNATIONAL JUNIOR SCIENCE OLYMPIAD (IJSO-2025). Хонандаи шаҳри Душанбе дар он соҳиби ҷойи сеюм гардид

Декабрь 2, 2025 15:20

ДУШАНБЕ, 02.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Хонандаи синфи 9-и Муассисаи давлатии таълимии Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе Артём Батрутдинов дар Олимпиадаи байналмилалӣ барои наврасон аз фанҳои табиатшиносӣ – International Junior Science Olympiad (IJSO-2025) сазовори ҷойи сеюм гардид, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Олимпиадаи 22-юми байналмилалӣ барои наврасон аз фанҳои табиатшиносӣ – International Junior Science Olympiad (IJSO-2025) аз 23 ноябр то 2 декабр дар минтақаи федералии «Сириус»-и шаҳри Сочии Федератсияи Русия  бо иштироки беш аз 300 хонанда аз 50 давлати ҷаҳон баргузор гардид.

Ин дастоварди беназир воқеан нишон медиҳад, ки соҳаи маорифи мамлакат дар сатҳи сифатан нав рушд ёфтааст.

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 2, 2025 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи маориф ва илм баррасӣ гардид
Ректорони муассисаҳои таҳсилотии Узбекистон бо зарфияти таълимӣ ва илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуданд
Форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд
Имрӯз Форуми сеюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор мегардад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» то 19 март идома меёбад
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» оғоз гардид
Қабули ҳуҷҷатсупории довталабон барои иштирок дар бурсияи Ҳукумати Ҷумҳурии Индонезия оғоз шуд
Ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон бо рафти таҳсилоти олӣ дар вилояти Панҷоби Ҳиндустон шинос гардид
Арзиши хизматрасонӣ дар ИМД-2026 чӣ қадар аст ва барои киҳо имтиёз муқаррар карда шудааст?
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба саҳми матбуот дар рушди давлатдории миллӣ ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ доир шуд
Доир ба шароити нигоҳдории солимии психологӣ дар муҳити муассисаҳои таълимӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ширкати нидерландии EISIVIER баррасӣ гардид