ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН – ҲИЗБИ ВАҲДАТОФАР. Андешаҳои вакилони Маҷлиси намояндагон оид ба таъсиси ҳизб
ДУШАНБЕ, 06.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имсол мардуми Тоҷикистон гиромидошти рӯзи таърихӣ — 31‑солагии Рӯзи таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро таҷлил менамояд. 31 сол пеш, 10 декабри соли 1994 бо хиради воло, дипломатияи оламшумул ва сиёсати тавонои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи ниҳоят ҳассоси таърихӣ, вақте ҷумҳурии мо баъди ба даст овардани истиқлолият бо мушкилоти иқтисодию сиёсӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ рӯбарӯ буд, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ҳизби созанда ва муттаҳидкунанда ташкил карда шуд. Ҳадафи асосии таъсиси он таҳкими ваҳдати миллӣ, суботи сиёсӣ ва рушди давлатдории миллӣ буд.
— Давоми 31 сол Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ҳизби пешбари сиёсӣ ва кафили суботи ҷумҳурӣ нақши бориз дорад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун неруи созанда ва муттаҳидкунандаи ҷомеа хизмат намуда, бо қадамҳои устувор фаъолияти босамари худро идома медиҳад. Нақши ҳизб дар таҳкими давлатдории миллии Тоҷикистон, пешгирии тақсимшавии минтақавӣ ва нооромиҳо, тавсеаи пояҳои демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии давлат барҷаста мебошад.
Давоми ин солҳо Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо такя ба сиёсати рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ барои мардум фаъолият намуда, бо ибтикори он таҳти роҳбарии Раиси муаззами ҳизб – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаҳои кишоварзӣ, саноат, сохтмон, нақлиёту коммуникатсия, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, иҷтимоӣ ва варзишу тарбияи ҷавонон ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд. Ҳизби мо ҳамеша ҷонибдори таъсиси шароити мусоид барои шуғли мардум, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагӣ ва дастрасии баробари шаҳрвандон ба имконияти мавҷуда мебошад.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон на танҳо дар таҳкими сохтори давлат ва ҳукумат нақши муассир дорад, балки ҳамчун муҳаррики ҳамбастагии тамоми қишрҳои ҷомеа амал мекунад. Дастовардҳои сиёсӣ ва иҷтимоии ҳизб натиҷаи меҳнати софдилонаи аъзои он ва эътимоди мардум ба роҳбарӣ ва ҳадафҳои созандаи он мебошад.
Мо имрӯз бо ифтихор на танҳо ба гузашта нигоҳ мекунем, балки ба оянда низ назар меафканем. Мутобиқи барномаи навбатӣ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон минбаъд ҳам вазифадор аст, ки рушди иқтисод, таъмини зиндагии шоистаи мардум, ҷалби ҷавонон ба зиндагии сиёсию иҷтимоӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботро таъмин намояд. Ҳизб бо ҷомеа ва шаҳрвандон ҳамеша ҳамкорӣ намуда, барои эҷоди ҷомеаи муосир, озод ва боадолат бо истифода аз тамоми имконияти мавҷуда ва малакаи аъзо кӯшишу ғайратро равона менамояд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз менамоянд, ки «Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун неруи пешбаранда дар рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ низ нақши калидӣ дошта, фаъолияти он дар татбиқи стратегияву барномаҳои давлатӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум возеҳ эҳсос мешавад».
Барҳақ, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар эъмори давлати демократӣ, дунявӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон, ҳифзи истиқлолият ва дастовардҳои он, фароҳам овардани саодати халқ, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон ва ҳамватанон давоми сию як сол талош дорад.
Ҳизб бо мақсади таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба хиради олии сиёсӣ, сифатҳои ҳамидаи ахлоқӣ ва маънавиёти баланди аъзои худ такя намуда, донишу маҳорати онҳоро ба амалӣ гардонидани идеяҳои сиёсӣ ва ҳадафҳои барномавии хеш ҷалб менамояд. Ҳамзамон ба таҳкими истиқлоли сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат мусоидат мекунад.
Он барои иттиҳоди ҳама неруҳои сиёсии ҷомеа бо мақсади баланд бардоштани некуаҳволии халқ, рушди иқтисодиёт, дар асоси инкишофи ҳама гуна шаклҳои моликият, таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд мекӯшад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Анҷумани XIII Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иброз доштанд, ки «ҳизби мо бо мақсади ифодаи азму иродаи мардуми шарифи Тоҷикистон ташкил шуд ва ҳамчун зодаи замони истиқлол рушд кард. Маҳз хислати мардумсолорӣ, идеяҳои созандаву бунёдкорона ва ватандӯстонаю ватанпарварона ҳизби моро дар байни ҷомеа ба таври шоиста муаррифӣ кардаанд. Робита байни ҳизб ва ҷомеа дар ин солҳо на танҳо устувор гардид, балки сол ба сол тақвияту густариш ёфта истодааст.
Дар ин муддат ҳизби мо ҳамчун созмони боэътимоди сиёсии мардумӣ аз иҷрои чор вазифае, ки дар назди Ҳукумати мамлакат қарор дошт, муваффақона баромад: якум — хомӯш кардани оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, дуюм — барқарор намудани сулҳу субот, сеюм — таҳким бахшидани Ваҳдати миллӣ ва чорум — ташаккул додани рукнҳои давлатдории миллии Тоҷикистон».
Бигзор ҳар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳис кунад, ки ин ҳизб ва ин давлат — ҳаёт ва фардои ӯст. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба арзишҳои миллӣ, фарҳанг ва таърихи давлатдорӣ арҷ мегузорад ва ҳамеша барои ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва рушду пешрафти Тоҷикистон кӯшиш менамояд.
Мо, аъзою ҷонибдорони ҳизбро зарур аст, ки ба ифтихори 31‑солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо масъулият ва ифтихори баланд барои ояндаи дурахшони ҷумҳуриямон заҳмат кашем.
Давлатзода ҚИЁМИДДИН,
Миршакар ҶАЛОЛЗОДА,
вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
АКС: АМИТ «Ховар»








Панелҳои офтобӣ дар таъмини энергияи «сабз» чӣ аҳамият доранд?
Дар Тоҷикистон «Барномаи миллии бехатарии авиатсияи гражданӣ барои солҳои 2025-2030» татбиқ мегардад
5 ДЕКАБР-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ВОЛОНТЁРОН. Бахшида ба ин рӯз дар Душанбе ҳамоиш доир гардид
Дар мавзуи «Эъломияи Куруши Кабир – аввалин Эъломияи ҳуқуқи инсон дар ҷаҳон» конфронс доир шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар Форуми рушди малакаҳои касбӣ ва маориф дар Филиппин иштирок намуд
«ЗАН ВА ЗАМОН: 26 СОЛИ МУЗАФФАРИЯТ». Дар Душанбе таҳти ин унвон ҳамоиши сиёсию фарҳангӣ доир шуд
ФАРМОНЕ, КИ БОИС БА САОДАТИ ЗАНОН ГАРДИД. Андешаҳо дар мавриди он ки ҳуқуқи зан ҷузъи ҷудонопазири ҳуқуқи башар маҳсуб мешавад
Конференсияи илмӣ-амалӣ ба нақши ҳизбҳои сиёсӣ дар баланд бардоштани ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат бахшида шуд
Соҳибкорзанони Тоҷикистон лоиҳаҳои худро дар намоишгоҳи «WomenCup–2025» муаррифӣ намуданд
Масъалаи таҳкими ҳамкории илмӣ байни Тоҷикистон ва Барномаи минтақавии Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Кабк дар Тоҷикистон «Парандаи соли – 2026» интихоб гардид
Агентии «Тоҷикстандарт»: «Сарфаҷӯӣ ва самаранок истифода бурдани неруи барқ масъулияти ҳар як истеъмолкунанда аст»!






