ҒИЗОИ СОЛИМ. Челонро барои мубориза бо шамолхӯрӣ ва баланд бардоштани масуният тавсия медиҳанд
ДУШАНБЕ, 07.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Челон меваест, ки дар таркибаш 25-32 фоиз қанд, 2,6 — 3,4 фоиз сафеда, то 3,7 фисад равған ва витамини C дорад. Дар тиб онро барои мубориза бо шамолхӯрӣ, баланд бардоштани масуният, ором кардани системаи асаб, табобати бемориҳои дилу раг, хусусан фишори баланди хун ва паст кардани холестирин дар хун истифода мебаранд. Чунин тавсия медиҳанд мутахассисони соҳаи тиб.
Дар пӯсти челон моддаҳои ғизоӣ, дар баргаш моддаҳои коҳишдиҳандаи дард, кислотаи аскарбин, қатрон, глюкозид ва дар таркиби меваи он миқдори зиёди қанд, витамин С, кислотаҳои органикӣ ва дар мағзи донакаш то 33 фоиз равған мавҷуд аст.
Челонро дар табобати халқӣ барои бемориҳои гурдаву пешобдон, роҳи нафас, ревматизм ва бемориҳои рӯда аз қадим истифода мебаранд. Аз пӯсти решааш доруи қувватбахшанда ва равшанкунандаи дил тайёр карда мешавад.
Меваҳои челон ҳамчунин ба бемориҳои систит ва диарея кумак мерасонанд ва меъдаро мустаҳкам мекунанд. Дар табобати халқии Осиёи Миёна аз мева ва баргҳои челон шарбат тайёр намуда, барои бартараф намудани дарди қафаси сина, диққи нафас, дарди дил ва камхунӣ истифода мебаранд.
Чуноне ки Ибни Сино таъкид намудааст, меваҳои он ба меъдаву рӯда қувват медиҳанд, рехтани мӯи сарро пешгирӣ мекунанд, ба фаъолияти шуш, гурда, талха ва пешобдон фоида мебахшанд. Баргҳояш барои бартараф намудани бемориҳои тангнафасӣ ва роҳҳои нафасгирӣ кумак мерасонанд.
Дар тибби Ҳиндустон челонро ҳамчун воситаи дафъи шамолхӯрӣ, омос, ҷароҳату фасод, заҳри неши каждум ва сӯзок истифода менамоянд. Дар Чин онро ба таркиби доруҳои мураккабе, ки ба бемориҳои гипертония, номураттабии кори дил ва сил шифо мебахшанд, дохил мекунанд.
Дар тибби муосир аз мева ва барги челон шираи 10-фоиза тайёр мекунанд, ки барои пешобронӣ давои беҳтарин дониста мешавад.
Меваи челон гирд ва дарозшакл буда, донак дорад, рангаш сурху ҷилодор аст. Дарахти он дар моҳҳои июн-июл гул карда, мевааш дар моҳҳои август-сентябр пухта мерасад. Барг ва меваи он мавриди истифода аст.
Табибон тавсия медиҳанд, ки ба 15-20 грамм меваи челон 300 милилитр об рехта (барои як истеъмол) дар буғ меҷӯшонед.
Барои бемориҳои бронхит, систит ва пиелит ҳар рӯз 2-3 маротиба (10-20 донагӣ) челонро истеъмол намудан тавсия дода мешавад. Инчунин 300 грамм челонро ба 6 литр об ҳамроҳ карда, то 5,5 литр боқӣ мондани он дар оташи паст меҷӯшонанд. Ин шарбати шифобахш хунро тоза ва тунук мекунад.
АКС аз манбаъҳои боз








Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад






